Каркадан: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 21:
'''КАРКАДАН''', каргадан, карг, ({{lang-la|Rhmocerotidae}}) ({{lang-fa|کرگدن}}), ҳайвонест ширхӯр. Дарозии танаш 2,5—4 метр, баландиаш 1—2 метр, вазнаш то 3 т (баъзан аз ин ҳам зиёдтар). Дар назди бини 1—2 шох дорад. Пойҳояш кӯтоҳи сеангушта. Рангаш хокистарӣ, сиёхтоб. Хеле хуб медавад (дар масофаи кӯтоҳ суръаташ 40—45 км/с). Дар ҷануби шарқии [[Осиё]] ва [[Африқо]] паҳн шудааст. Дар ҷангалҳои. тропикӣ, саваннаҳр, буттазори соҳилҳо ва ботлоқзор зиндагӣ мекунад.
 
[[Алаф]], навда ва барги растаниҳоро мехӯрад. Каркаданхо бештар ҷуфт-ҷуфт ва баъзан гурӯҳ-гурӯҳ мегарданд. Даври ҳамли Каркандан 17—18 моҳ давом ме¬кунад; як бача мезояд (вазнаш ка¬риб 25 кг). [[Гӯшт]]аш хурданбоб. Шохи Каркадан хосияти шифобахшӣ дорад. Дар олам 5 намуди Каркадан. маълум аст. Шикори Каркадан манъ аст. Дар ҳудуди ҷумҳури чанд хели Каркадан зистааст. Боқимонадҳои эласмотерий, Каркадани муйдор ва ғайраҳо аз зери замин ёфт шудаанд.
 
== Шикор ва ҳифз ==
Дар [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико]] иҷозанома барои шикори як навъи нодири каркадани сиёҳро ба маблағи 350 ҳазор доллар фурӯхтаанд. Маҳфили сайёдони [[аёлати Тексас]]и Амрико, ки музоядаро баргузор кард, аз ҳисоби ин пул дар ҳифзи ҳамин каркаданҳои дар ҳоли нобудӣ дар Намибия кӯмак мекунад. Худи музояда баҳсбарангез аст, зеро каркаданҳои сиёҳ дар вартаи нобудӣ қарор доранд, вале баргузоркунандагони музояда мегӯянд, ки пули ба даст омада барои барномаҳои ҳифзи ин ҷонварон сарф мешавад. Дар саросари [[Намибия]] танҳо 1800 каркадани сиёҳ боқӣ мондааст ва ҳукумати ин кишвар солона ба шикори 5 дона аз ин ҷонварон иҷоза медиҳад.<ref>Шикори каркадан дар ивази 350 ҳазор доллар ([[Радиои Озодӣ]]) http://www.ozodi.org/archive/news/20140112/538/538.html</ref>
 
{{зоо-нопурра}}
 
== Манбаъ ==
<references>
 
[[Гурӯҳ:Олами Ҳайвонот]]