Лев Толстой: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Legobot (баҳс | ҳисса)
х Bot: Migrating 1 interwiki links, now provided by Wikidata on d:q7243 (translate me)
No edit summary
Сатри 11:
 
== Зиндагинома ==
Толстой Л.Н. – нависандаи маъруфи рус, дар хонаводаи ашрофзода, дар деҳаи Ясная Поляна (губернияи Тула) ба дунё омадааст. Вазъи оилаи худро (Лев се бародару як хоҳар дошт) нависанда дар асараш «Бачагї. Наврасї. Ҷавонӣ” тасвир кардааст.
Маълумоти ибтидоиро ў дар зодгоҳи худ гирифта, баъдан ба Университети Қазон, ба факултаи фалсафа, дертар ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил мешавад. Аммо ў донишгоҳро тарк мекунад. Дар шаҳри Севастополи Қафқоз хидмати ҳарбӣ кардааст. Дар он ҷо маҳорати эҷодии Толстон сайқал меёбад. Пас аз хидмат ба саёҳати Аврупо мебарояд. Ў дар якчанд мактабҳи ибтидоӣ бо усули худ ба мактаббачагон дарс додааст.
Асарҳои бузургтарини Толстой “Ҷанг ва Сулҳ” ва “Анна Каренина” ба шумор мераванд. Баъдтар Толстой ба Маскав мекўчад ва системаи динӣ-фалсафии худро асос мегузорад. Ақидаҳои фалсафии ў оид ба муҳаббати ҳамагон, кўшишу такомули инсон дар мақолаҳо ва ҳикояҳояш дарҷ ёфтаанд. Дар асарҳои “Воскресение” ва “Сонатаи Кретсеров” ҳамин мазмун дида мешавад.
Лев Толстой инсони воқеан хоксору самимӣ буд ва кўшиш мекарда, ки ба мардуми бенаво кўмак расонад, бо роҳҳои гуногун бар зидди беадолатиҳо мубориза барад. Дар охири умраш аз сарвату дорої даст мекашад ва пас бемории сармохўрӣ вафот мекунад.
Асарҳои драмавии Толстой инҳоянд: “Хонаводаи заҳролуд” (1864), “Нигилист” (1866), “Ҳокимияти зулмот” (1886),“Коркардаи драмавии қиссаи Аггее” (1886), “Самараи маориф” (1890),“Дар торикӣ ҳам нур медурахшад” (1890-1900),“Пётр Хлебник” (1894),“Ҷасади зинда” (1900),“Ҳамаи хусусиятҳо аз ўст” (1910).
 
[[Акс:Nicolay Ilyich Tolstoy.jpg|thumb|Николай Илич Толстой, падари нависанда. Солҳои 1820-ум. рассоми ношинос]]
 
== Эҷодиёт ==
* [[Ҷанг ва сулҳ]]
 
=== Филателия - Тамбуршиносӣ ===