Лямблиоз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: ЛЯМБЛИОЗ (Lambliasiasis), як навъ бемории узвҳои ҳозима, ки ламблияҳо (Lamblia intestinalis) ба вуҷуд меоранд....
(бе тафовут)

Нусха 16:42, 18 Январ 2014

ЛЯМБЛИОЗ (Lambliasiasis), як навъ бемории узвҳои ҳозима, ки ламблияҳо (Lamblia intestinalis) ба вуҷуд меоранд. Лямблияҳо дар рӯдаи борик сукунат доранд. Ду шакли лямблияҳо мавҷуд аст: ҳаракатнок (дар шакли вегетативӣ) ва беҳаракат (дар шакли систа). Ламблияи ҳаракатнок 4 ҷуфт камчинак ва қурси ҷаббанда дорад, ки тавассути он ба луобпардаи рӯдаи борик маҳкам часпида мегирад. Манбаи сироят фақат одам аст. Лямблияҳоро бори аввал олими чех Д. Ф. Лямбле тавсиф кардааст (1859). Пажӯҳишҳоҳо собит намуданд, ки Л. дар байни одамони солим ниҳоят бисёр дучор мешавад (дар одамони калон 10%, кӯдакон 30%). Дарозии тани лямблия 10 – 18 мкм, паҳниаш 8 – 10 мкм аст. Лямблияҳо дар луобпардаи қисми болои рӯдаи борик ҷой мегиранд. Онҳо дар талхадон зиндагӣ карда наметавонанд ва бинобар ин боиси бемории ҷигар намешаванд. Зимни таҷрибаҳо маълум гашт, ки талха ба лямблияҳо таъсири марговар мерасонад. Одам аз Л. дар сурати истеъмоли маҳсулот (хусусан сабзавот ва меваи тар), об, инчунин даст ва ашёи рӯзгор, ки дар онҳо систаҳо мавҷуданд, сироят меёбад. Лямблияҳо ба роҳи меъдаю рӯдаи одам ворид шуда, дар рӯдаи борик меафзоянд ва луобпардаи онро ба ангезиш меоранд. Дар қисми болои шикам ё атрофи ноф дард ба вуҷуд меояд, шикам дамиш ва қур – қур мекунад, дил беҳузур мешавад. Мумкин қабзият рӯй дода, ба исҳол табдил ёбад (наҷосат зардранг ва луобомез аст). Лямблияҳо аз рӯдаи борик ба рӯдаи ғафс мегузаранд (шароит барояшон номусоид аст) ва аз ҳаракат монда ба систаҳо табдил меёбанд. Систаҳо ба тавассути наҷосат ихроҷ мешаванд. Онҳо дар хок то 3 ҳафта, дар об бошад, то 5 ҳафта зинда мемонанд. Л. бештар дар кӯдакон (хусусан 2 – 5 сола) ба мушоҳида мерасад. Баъзан Л. ноаён инкишоф ёфта, тасодуфан баъди ягон бемории дигар зоҳир мегардад. Шикам дард ва дамиш мекунад. Наҷосат обакӣ, луобу кафкдор ва сабз мешавад, кӯдак аз сабзиш мемонад. Бемори гирифтори Л. ғайр аз табобати духтур, бояд парҳез карда, гӯшти обпаз, ҷурғот, творог, карам, сабзӣ, тарбуз, лиму хӯрад; таомҳои хамирӣ ва ширинро кам истеъмол кардан лозим аст. Барои пешгирии беморӣ шахсони гирифтори Л.-ро саривақт ошкор ва табобат бояд кард; кӯдаконеро, ки зуд-зуд қазои ҳоҷат мекунанд, ба муоина мегиранд. Хӯроквориро аз ифлосӣ муҳофизат карда, зидди магасҳо мубориза бояд бурд. Оби ҳавзҳои кушодаро наҷӯшонида ошомидан ва сабзавоту меваро ношуста истеъмол кардан манъ аст. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ шарти зарурии пешгирии Л. маҳсуб мешавад.