Ноф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: НОФ (Funiculus umbilicalis), узвест, ки ҷанинро бо ҳамроҳак пайваст ва ҳаракати хунро байни онҳо таъм...
 
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Ombelico.JPG|thumb|200px|Ноф]]
НОФ'''Ноф''' ([[забони лотинӣ|лотинӣ]]Funiculus umbilicalis), [[узв]]ест, ки [[ҷанин]]ро бо ҳамроҳак пайваст ва ҳаракати хунро байни онҳо таъмин мекунад. Н. ба мисли таноби хокистарранги гулобӣ буда, шакли морпеч дорад. Дарозии Н. ҳангоми ҳомилагии пурра тақр. 50 – 60 см, диаметраш 1,5 – 2 см аст. Як нӯги Н. ба мавзеи нофи кӯдак, нӯги дигари он ба ҳамроҳак пайваст мебошад. Бисёр вақт Н. ба маркази ҳамроҳак, баъзан ба паҳлӯ ё канори он пайваст мешавад. Н. ду артерия ва як вена дорад, ки ба дарозии онҳо торҳои асаб воқеъ гаштаанд. Рагу асабҳои Н.-ро моддаи полудамонанд фаро гирифтааст. Н. аз берун бо парда (амнион) пӯшида шудааст.
Ба воситаи артерияҳои Н. хуни кӯдак ба ҳамроҳак омада, дар он ҷо сероксиген ва серғизо, аз гази карбонат ва маҳсули мубодила озод мешавад. Сипас хун ба тавассути венаи Н. ба кӯдак бармегардад. Н. ҳамчунин дар мубодилаи моддаҳо байни хуни тифл ва моеъе, ки онро иҳота кардааст, иштирок мекунад. Баъди таваллуди кӯдак Н.-ро мебуранд ва мебанданд. Қисми боқимондаи Н. якҷоя бо ҳамроҳак берун меояд.
Дар давраи ҳомилагӣ муқаррар кардани ҳолати Н. душвор аст. Бо роҳи таҳқиқи ултрасадоӣ дар атрофи гардан, бадан ва дасту по печидани Н.-ро метавон ошкор сохт.
Баъзан Н. аз андоза кӯтоҳ (камтар аз 40 см) мешавад. Чунин Н. ба ҳаракати кӯдак халал расонда, мавқеи онро дар бачадон нодуруст мекунад. Оқибати ҳангоми таваллуд канда шудани Н.-и кӯтоҳ ё рагҳои он хатарнок аст.
Ниг. низ Зодан.
 
[[Гурӯҳ:Шикам]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ноф"