Информатика: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
interwiki's fixed on wikidata
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 6:
Асосҳои назариявии информатикаро гурўҳи илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ташкил менамоянд, ки онҳоро дар як сатҳ ҳам ба математика ва ҳам ба кибернетика мансуб шумурдан мумкин аст: ''назарияи информатсия, назарияи алгоҳритмҳо, мантиқи математикӣ, назарияи забонҳои формалӣ ва грамматикӣ, таҳлили комбинаторӣ'' ва ғайра. Ғайр аз ин, фанни информатика ба омўзиши ''архитектураи компютер, системаҳои оператсионӣ, назарияи базаи маълумотҳо, технологияи программасозӣ ва дигар самтҳои технологияҳои информатсионӣ'' машғул аст.<br />
Бояд қайд намуд, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ информатика аз як фанни техникӣ дар бораи методҳо ва воситаҳои коркарди маълумоти додашуда бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор ба илми бунёдӣ дар бораи информатсия ва равандҳои информатсионии на танҳо системаҳои техникӣ, балки табиат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Сабаби асосии ба чунин мувафақиятҳо ноил гаштани илми информатика ба раванди бебозгашти саросар информатсионӣ гаштани ҷомеа вобаста аст, ки он як шакли зуҳуроти қонуни умумии инкишофи башарият аст. Информатикунонии ҷомеа бо худ таҳаввулоти илмию техникӣ ва иқтисодию иҷтимоиро меоварад, ки он дар навбати худ ҳаёту фаъҳолият ва тафаккуру арзишҳои инсониро дигаргун месозад. Тамоилот ва суръати ин дигаргуншавӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки асри ХХI асри информатика, [[технология]] ва ҷомеаи информатсионӣ хоҳад буд. Ҳамин тариқ:<br />
::'''Информатика илмест, ки доир ба хосиятҳои [[информатсия]] ва қонуниятҳои равандҳои информатсионӣ баҳс менамояд.'''
 
{{stub}}
 
== Нигаред ==
* [[Роёна]]
{{commons|Computer Science}}
 
[[Гурӯҳ:Информатика]]