Синамои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
х Ibrahim moved page Кинои тоҷик to Синамои тоҷик: Синамои
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1:
Саҳифаҳое аз таърихи кинои тоҷик. [[11 сентябрисентябр]]и соли [[1929]]. Санҷиш хуб гузашту акнун мардум, тибқи анъанаҳои нави Ҳокимияти Шӯравӣ, омадани аввалин қатораи мусофиркаши Тирмиз-Душанберо, ки пойтахти тоҷиконро бо шабакаи роҳи оҳани умумииттифоқ мепайваст, нигарон буданд. Дар вокзали тозабунёди [[Душанбе]] миёни ҳозирин, ки аксарият намояндагони ҳукумат буданду бояд маҷлиси тантанавӣ доир менамуданд, се ҷавони аврупоӣ, ки дар сар кулоҳи базеби чармин доштанд, ба кадом як кори барои аксарияти ҳозирин номаълум машғул буданд. Онҳо рӯйи саҳнаи вокзал чобукона гоҳ ин сӯву гоҳ он сӯ ҳаракат карда, сепояи калонеро дар ҷое муқаррар менамуданд, рӯи он кадом дастгоҳеро ниҳода, гӯшаки онро тоб медоданд. Баъд ҳамин корро боз дар гӯшаи дигар анҷом медоданд. Баногоҳ таваҷҷӯҳи ҳамаро поезди аз гардиш намудоршуда ба худ кашид, ки ҳуштак кашида меомад. Ҳаяҷону хурсандӣ ва тааҷҷубу ҳайрат ҳадду канор надошт, чунки ба ин куҳан диёри дурдасте, ки ҳатто роҳи ҳамвораш хеле кам буд, бори аввал “аспи оҳанин” ё, ба истилоҳи дигари мардуми содалавҳ, “шайтон-ароба” меомад. Аз ҳозирини сари роҳи оҳан касе ба амали ҳайратовари се ҷавон дигар эътиборе намедод. Он сегона низ ба ваҷд омада гӯшаки қуттиашонро гӯё беист тоб медоданду тоб медоданд. Паровоз фашшосзанон дуду буғ бароварда дар назди майдончаи вокзал қарор гирифт... Баъди чанд рӯз мардум ба Душанбе омадани поезд ва чеҳраҳои худу шиносонашонро дар пардаи кино дида, фаҳмиданд, ки ин се ҷавони аврупоӣ чикора будаанд. Ҳаваскорони кино Н. Гизулин, В. Кузин, А. Шевич, ки бо аппарати фартути киногирии «Кинамо», омадани поезди аввалро ба навор мебардоштанд, минбаъд дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун асосгузорони кинои тоҷик сабт шуданд. Василий Василевич Кузин дар ёддоштҳояш менависад, ки 15 октябри соли 1929 – рӯзи кушодашавии Анҷумани сеюми фавқулоддаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, ки дар рафти он оид ба таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР декларатсия қабул шуд, ба вакилон киножурнали нахустини “Тоҷикистони советӣ” намоиш дода шуд. Он иборат аз ду сужет буд: “Рӯзи байналмилалии ҷавонон” ва “Омадани қатораи нахустин ба Душанбе”. «Пас аз хотимаи қисми кории анҷуман дар саҳна пардаи сафед кашиданд. Миёни тақрибан 800 нафар ҳозирин, ки дар курсиҳо нишаставу дар роҳравҳо истода буданд, толорро хомӯшӣ фаро гирифт. Садои ба кор даромадани дастгоҳи намоиши филм баланд шуду ҳозирин рӯи парда воқеаҳои ба қарибӣ дар пойтахт рухдодаро диданд. Чархи филм дароз набуд – ҳамагӣ 300 метр. Вале ҳамон бегоҳ кадрҳоро даҳҳо бор гаштаву баргашта тамошо мекарданд ва ҳар дафъа бо садоҳои хушҳолона ва кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол мегирифтанд”.
Тасодуфи рамзнок аст, ки кинои ҷаҳонӣ ва кинои тоҷик таърихи худро аз омବдани поезд шурӯъ намудаанд. Поезд дар таърихи фарҳанги баъдиинқилобии тоҷикон рамзи ба кишвари қафомон¬даи эшон босуръат омадани тамаддуни пешқадами башарро дошт...