Асадулло Ғуломов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
Саҳифаи нав: '''Ғуломов Асадулло''' - 28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷ...
(бе тафовут)

Нусха 15:14, 12 май 2007

Ғуломов Асадулло - 28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №13-и трести "Кӯлобселстрой" оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии №27, сардори Идораи сохтмонии №17, сардори трести "Тоҷикхимстрой"-и ноҳияи Ёвон кор кардааст. Солҳои 1995-2001 муовини аввали Раиси Ширкати давлатии сохтмонии "Тоҷиксохтмон" ва солҳои 2000-2003 ба сифати раиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Соли 2003-2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Бо ордени Шараф дараҷаи 1 ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид