Баҳри Адриатикӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
Саҳифаи нав: {{Баҳри кутти |Номи тоҷикӣ=Баҳри Адриатикӣ |Номи аслӣ={{lang-it|mare Adriatico}} |Акс=Adriatic Sea map.png |caption=Акси Б...
(бе тафовут)

Нусха 11:44, 7 феврали 2014

Баҳри Адриатикӣ (итол. mare Adriatico) — баҳрест, ки бо нимҷазираҳои Аппенин ва Балкан иҳота шуда як қисми баҳри Миёназаминро ташкил мекунад. Соҳилҳои давлатҳои Итолиё (зиёда аз 1000 км), Словения (47 км), Хорватия (1777 км), Босния ва Ҳерсеговина (20 км), Черногория (200 км), Албания (472 км) ташкил медиҳад.

Баҳри Адриатикӣ
?
Характеристики
Масоҳат144 000 m² км²
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

Номи худро аз бандаргоҳи бостонии Адрия гирифт, ки дар ҷойи якҷояшавии ду дарё, По ва Адиҷе вуҷуд дошт. Аз аввал юнониҳо фақат қисми шимолии баҳрро (юн. Adrias Kolpos) номбарӣ мекардан, сипас ин ном ба тамоми баҳр гузашт. Дар замонаҳои Рими Қадим ин баҳр Mare Seperum ин чунин Mare Hadriaticum ном дошт.

Дар давоми ду ҳазор соли вуҷуди дарёҳои По ва Адиҷе бо дуруштиҳои овардаи худ чуқурии баҳрро чунон паст карданд, ки имрӯз бандаргоҳи Адрия аз баҳр 25 км дур шудааст.

Ба муносибати шаҳри Адрия ва баҳри Адриатикӣ сайёрак Адрия, ки 23 феврали 1875 ситорашиноси австрияги Пализа Иоганн дар Пула кашф карда буд ном гузоштандва ва ин шаҳр дар соҳили баҳри Адриатикӣ воқеъ дорад.

Ҷуғрофия

Масоҳати баҳри Адриатикӣ — 144 0000 км², чуқури — аз 20 м дар қисми шимолии баҳр то 1230 м — дар ҷануби-шарқ. Чуқуриаш бо қуму гил таҳшин шудаааст ва соҳилҳояш аз шағал, сангрезаи гирди ҳамвор ва қум иборат аст. Дар қисми ҷанубиаш ба воситаи гулугоҳи Отранто бо баҳри Ионӣ пайваст аст. Дарозии равонаи хушки 796 км ва паҳноияш аз 93 то 222 километрро ташкил мекунад.

Соҳилҳои ғарбиаш ва шимоли-ғарбиаш бисёртар паст ҳастан, шарқиаш бошад аз кӯҳистон иборат аст. Дар наздикии соҳилҳои шарқиаш ҷазираҳои Далматин воқеъ гаштаанд[1].

Иқлим

Иқлими баҳри Адриатикӣ шакли иқлими баҳри Мёназаминро монандӣ мекунад, аммо фарқ ҳам мекунад, хусусан шамолҳои хоса дорад (бора, мистрал, сирокко), ки ба ҳарорати ҳаво таъсири худро мерасонад. Ҳарорати об аз шимол ба ҷануб ҳар вақт дигаргун мешавад аз 24 то 26 °C дар моҳи август ва аз 7 то 13 °C дар моҳи феврал. Шурии об ноустувор аст ва аз 35 тоо 38 промиллро ташкил мекунад. Мадҳои нодурусти нимшабонарӯзӣ дорад (то 1,2 м). Тобистон бештар боду ҳавои соф дорад, зимистон бошад абрнок ва сербориш аст (то 70 % боришоти яксола).

Сарчашма

  1. Центральное бюро статистики Хорватии

Encyclopædia Britannica