Деҳоти Навгилем: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
 
{{ҷавона}}
[[Image:Manorai_masjidi_Abdullohon.JPG|right|400px|thumb]]
Навгилем, деҳаи калонтарин ва маркази ҷамоати деҳоти Навгилем, аз замонҳои Бобур то асри ХIХ маркази Исфараи асримиёнагӣ буда, солхои 30-40 а. ХIХ бо сабабхои номаълум (шояд оби заҳ бошад) хароб гардидааст. Баъди бунёди мадрасаи Абдуллохон (а.ХVI) мардум ба ду тарафи рох гилемхои нави бисёре овехта, хонро ботантана пешвоз гирифтанд. Ин тарзи пешвозгирӣ ба ӯ хеле маъқул афтид ва дар ҳар ҷо ба таърифи он пардохт. Аз ин пас мавзеъ номи Навгилем-ро гирифт. Дар маъҳазҳо аз мавҳуд будани ду қалъа–Қалъаи Мадраса ва Қалъаи Ширеш (Саранҷ) хабар медиҳанд.
Артелҳои нахустин дар Маҷнунбед с. 1927 (1932, к-зи «14-солагии Октябр», раис Турсунбой Холматов), дар Навгилем с. 1929 бо номи Крупская (раис Бисамар Қодирова; 1931, к-зи ба номи Крупская, раис Муҳиддинов Шамсиддин), дар Устомулло с. 1936 к-зи «Ширин» (бо номи Горкий) ташкил шудаанд. С. 1949 колхозҳои ба номи Крупская, Микоян, Горкий ба к-зи ба номи Микоян (раис Ҷӯра Норматов), с. 1951 колхозҳои «Коммуна» (Қӯшдевор), ба номи Фрунзе (Офтобрӯй), Ворошилов (Шӯртанг), Микоян ба к-зи ба номи Микоян (раис Зокирхӯҷа Ҳасанов), с. 1952 колхозҳои ба номи Сталин, Микоян ба к-зи Сталин (раис Обидxон Устобоев; с. 1962 к-зи «Коммунизм»; 1963 «Октябр»; 1977 совхози «60-солагии Октябр»; 1996 к-зи ба номи З. Ҳасанов) муттаҳид гардиданд.
Мактабҳои аввалин с. 1922 дар хонаи Қамбархон Темурзода, дар Маҷнунбед дар меҳмонхонаҳои Азизхоxабой ва Сангинбойбача (муллим Абдуҷаббор Шарифзода), с. 1932 дар маҳаллаи Бeмехчагарон дар меҳмонхонаи Муллоҳасанбой таъсис ёфтаанд. Бинои аввалини мактаб с. 1928 бунёд ёфт. Дар мактаби нав Муллосаъдӣ Шукуров, Амонулло Раҳмонов, Сатторхон Қозизода, Ҳасанхон Охонзода, Нарзибой Шарифзода ва Абдурасул Махсумов кор мекарданд. Ба мактабҳои Н., Қӯшдевор, Офтобрӯй, Шӯртанг ва Маҷнунбед Абдуҷаббор Шарифзода директори озод таъин шуд. С. 1928 мактаби ҷавонони деҳот (ШКМ-школа крестянской молодёжи) ва 1936 мактаби ҳафтсола ташкил гардид.
Навгилем маҳаллаи зиёдеро фаро мегирад, ки аз байни онҳо Устомулло ва Маҷнунбед бузургтаранд. Аҳолии Навгилем с. 1907 дар 228 хоҷагӣ 1200 наф., с. 1917 460/2500, с. 1926 572/2815, с. 1991 14528 наф., с. 2003 3756/20224 наф. буда, аксар кишоварзонанд. Дар хоҷагии ба номи З. Ҳасанов заҳмат кашида, дар парваришу истеҳсоли сабзавот, ғалла, пилла, меваи хушк, тухмӣ ва тармеваҳо ҳиссагузоранд. Дар гузашта харбузаҳои хоҷакалонӣ, бобосекинакӣ, узоқӣ, гургак, амирӣ, тиризанбӯрак, бeсабозии Навгилем машҳур буданд. Боғи Насадский дар ҳудуди Навгилем нашъунумӯ дорад ва кони себу ноки гуногуннавъ аст.
Дар Навгилем се мактаб №30, 31, 32, як литсей, як хонаи маданият, магазинҳо, чойхона, китобхонаҳо дар хизмати аҳли ҷомеа мебошанд. Навгилем бо ёдгории таърихии асрҳои ХVI-ХVIII Масxиди Абдуллохон шӯҳрат дорад. Идораҳои ҷамоат, хоҷагии ба номи З. Ҳасанов, идораи савдои деҳа ҳам дар ҳудуди Навгилем ҷой доранд. Осорхонаи олими намоёни тоҷик Л. Бузургзода назди бинои идораи ҷамоат қомат афрохтааст. Майдони ҳавоии (аэропорт) ш. Исфара дар қисми ҷанубии деҳа воқест. Заминҳои Навгилем аз ҷӯйҳои Паст, Зарбоф, Чилгазӣ ва канали ба номи С. Юлдошев обёрӣ мешаванд.
 
 
 
[[Гурӯҳ:Исфара]]