Фарқият байни намунаҳои "Зиёдулло Шаҳидӣ"

х
Робот ислоҳ кара истодааст, replaced: ў → ӯ using AWB
х (таҳрир)
х (Робот ислоҳ кара истодааст, replaced: ў → ӯ using AWB)
== Ҳолнома ==
Аз ҷумлаи шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии тоҷик аст, ки 99 сол пеш дар [[Самарқанд]]и бостонӣ дар хонаводаи ҳунарманд, мутриби шинохтаву варзида Муқаддасхон дида ба олам кушодааст.
Соли [[1939]] ба [[Сталинобод]] (ҳоло – [[Душанбе]]) омадааст: роҳбари ансамбли тарона ва рақси [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. ҶўраевҶӯраев|Филармонияи Давлатии Тоҷикистон]] (1939-1952). Аз А.С. Ленский ва С.А. Баласанян дарси композитсия омӯхтааст (1943-1946). Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи [[Москва]] (1949) ва шӯъбаи миллии Консерваторияи мазкурро хатм кардааст.Ӯ ба омӯзиши касбу ҳунар худро маъмур ҳисобид ва тадриҷан пеши хунёгарони номии [[Иттиҳодии Шӯравӣ]] дарси ҳунару маҳорат омӯхт.
Соли [[1957]] баъди хатми Консерваторияи ба номи Чайковскийи шаҳри [[Москва]] аввалин барномаи консертии худро доир кардааст, ки аз ҷониби мухлисони созу наво хуш пазируфта шудааст.
 
 
== Мероси оҳангзоз ==
Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷумлаи аввалин афроде буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо созу навои симфонии аврупоӣ омезиш дод ва дар навиштани опера чира шуд. Нахустин асари калонҳаҷми ӯ операи “Комде ва Мадан” буд, ки барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин опера, ки соли [[1961]] дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна гузошта шуд, аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шуд ва аз ҷониби мунаққидони санъати мусиқӣ баҳои арзишманд гирифт.<ref name="tojnews.org">http://tojnews.org/chehra-ziyodullo-shahidi </ref>
 
Гузашта аз ин барои ин опера муаллиф ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ мушарраф гардид.
“Комде ва Мадан” аз ҷумлаи машҳуртарин ва маъруфтарин асарҳоест, ки тақрибан ҳар сол мавсими театриро дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ ифтитоҳ мекунад. «Комде ва Мадан» ҳамчунин дар саҳнаи театрҳои Узбакистон, аз ҷумла дар зодгоҳи бастакор шаҳри Самарқанд ба саҳна гузошта шудааст. Дар бораи шӯҳрати операи «Комде ва Мадан» мусиқиш.-они аврупоӣ чунин нигошта буданд: «То ҳанӯз аврупоиён операе эҷод накардаанд, ки мавзӯяш мусолиҳаи ду дин ва ду фарҳанг бошад. Дар ин опера ҳамчунин мусиқии исломӣ ва мусиқии ҳиндӣ ҳамоҳанг шудаанд. Он чиро, ки мо меҷӯем, шумо (манзур- халқи тоҷ.) барвақт ёфтаед ва ба он комёб гардидаед». Бузургтарин сарвати Шаҳидии марҳум асарҳои ҷовидона, шогирдон ва пайравонаш мебошанд.
Ҳамчунин дар иҷрои Оркестри калони симфонии радио ва телевизиони Маскав дар солҳои 70 сабт шудаву солҳои 80 дар қалби Иттиҳоди Шӯравӣ интишор ёфтааст.Зиёдулло Шаҳидӣ асарҳое дорад, ки замоне машҳуртарин ҳунармандони кишвар Муқаддас Набиева, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова ва дигарон сароидаанд ва ҳоло ин сурудаҳо фонди тиллоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.<ref>http:// name="tojnews.org"/chehra-ziyodullo-shahidi </ref>
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
Ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии [[Тоҷикистон]] маҷмӯъаи асарҳои мусиқии ӯ интишор ёфанд. Таронаҳои Шаҳидӣ мухлисонашро як бори дигар ба ёди ӯ бурданд ва фазои солҳои 70-80 қарни гузаштаро дар гӯшаи хотири худ зинда карданд. Миёни ин асарҳо таронаҳои ба дидаву дили мардум наздики «Муҳҳабат», «Хонаи мо», «Ситораи ман», романси «Сӣ сузи сина» ва ғайраҳо, ки замоне аз пуршунавандатарин таронаҳо дар барномаҳои радио ва телевизиони кишвар буданд, ҷо дода шуданд.
 
Яке аз онҳо фарзанди баруманди ӯ [[Толиб Шаҳидӣ]] ва дигар наберааш Табрез Шаҳидӣ аст. [[Толиб Шаҳидӣ]] аз пайравони ростини роҳи падар аст ва заҳамоташ бо ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ қадр шудааст. Табрез низ аз ҷумлаи бастакорони насли навини кишвар аст, ки дар ш. [[Москва]] кору эҷод мекунад.<ref>http:// name="tojnews.org"/chehra-ziyodullo-shahidi </ref>
 
== Пайвандҳо ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ: Санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]
276,109

edits