Бобо Ҳоҷӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Бобо Ҳоҷӣ
(бе тафовут)

Нусха 05:14, 23 феврали 2014

Шаблон:Зиндагинома Бобо Ҳоҷӣ - (1 майи с. 1928, деҳаи Похути ноҳияи Айнӣи Тоҷикистон),шоир, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими фарҳанги Тоҷикистон (1988)

Ҳолнома

Бобо Ҳоҷӣ 1 майи с. 1928, деҳаи Похутиноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Дар синни кӯдаки бе волидайн монда, дар хонаи кӯдакон тарбиву таълим гирифтааст. Соли 1951 факултети филологияи Донишкадаи педагогии Душанберо хатм кардааст. Баъд аз хатми донишкада ба ҳайси ходими адабӣ, мудири шӯъба, котиби масъули якчанд нашрияҳо ва маҷаллаи "Машъал", сармуҳаррири нашриёти "Ирфон" ва "Маориф" фаъолият кардааст. Солҳои 1981 - 1988 мудири шӯъбаи нашриёти "Адиб" буд. Ҳоло дар нафақа мебошад.

Эъҷодиёт

Нахустин шеърҳои Бобо Ҳоҷӣ соли 1949 нашр шудаанд. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърҳо барои кӯдакон: "Раҳмат ба Ватан" (1958), "Бузи айнакдор" (1961), "Водии шукуфон " (1965), "Гурба" (1971), "Райҳон" (1980). Инчунин, Бобо Ҳоҷӣ муаллифи якчанд маҷмӯаҳои шеърҳои тоҷики ва забони руси "Признание в любви" (1970) мебошад. Якчанд очеркҳои ӯ ба монанди "Гули ҳафтранг" (1969),"Хандаи маҳтоб" (1976),"Паймона" (1986), "Дурри ятим" (1988), "Нони ҳалол" (1987), "Пешдаргирон" (1998),"Обилаи дил" (2002), "Гули шому саҳар" (2004), "Соябони сар" (2008), "Кулоҳи коку" (2011) дар маҷмӯаҳои алоҳида нашр шудаанд.

Манобеъ

  • Энсиклопедияи советии РСС Тоҷикистон. Ҷилди 1. – Душанбе, 1988