Таърихи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 365:
 
'''Дарёи Яксарт''' (аз заб. лотинӣ - Yaksart), '''Сайҳун''' (аз заб. арабӣ) – '''Сирдарё'''.
 
[[Хуросон]] – кишварест, ки аз асри III-IV дар давлати Сосониён мавриди истифода қарор гирифта дар маънои васеи калима сазамини Эрону Афғонистони имрўза ва Вароруд-Мовароуннаҳрро, ки сокинонаш форсизабон буданд дар назар дошт. Минбаъд ин истиллоҳи ҷуғрофӣ ба сарзамини соҳили чапи дарёи Аму-Вахш, имрўза Туркманистони ҷанубӣ, Эрони шарќӣ ва Афғонистон низ нисбат дода мешавад.
 
Line 376 ⟶ 375:
[[Тахористон]] – мамлакатест, ки дар ду соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буд, сарзамини имрўзаи Афғонистони шимолӣ, [[Тоҷикистон]]у Ўзбекистони ҷанубӣ.
 
[[Чағониён]] – мулкест дар поёноби дарёи Чағонруд (Сурхондарё).
 
[[Қубодиён]] - мулкест дар соҳили ҷанубии дарёи Ромид (Кофаниҳон).
 
[[Вахш]] – мулкест дар водии дарёи Вахшаб (Вахш).
 
[[Хуттал]] - мулкест дар водии байни дарёи Вахш ва Панљ бо шаҳрҳои бостонии Хулбук ва Мунк. Дар асри IX ба ҳайати Хуттал мулкҳои Қубодиён, Вашгирд ва Вахш тобеъ буданд.
 
[[Вашгирд]] – мулкест дар болооби дарёи Кофарниҳон, сарзамини имрўзаи ноҳияи Файзобод.
 
[[Рашт]] – мулкест дар водии Ќаротегин, сарзамини имрўзаи гурўҳи ноҳияҳои Рашт.
 
[[Кумед]] - мулкест дар болооби дарёи Вахш, сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Дарвоз, Ванч ва Бадахшони шимолӣ.
 
[[Каран]] - мулкест дар сарзамини имрўзаи ноҳияи Дарвоз.
 
[[Вахон]] - мулкест дар водии Вахондарё, сарзамини имрўзаи ноҳияи Ишкошим.
 
[[Шикинан]] - мулкест дар, сарзамини имрўзаи ноҳияи Шуғнон.
 
[[Бадахшон]] - мулкест дар соњили ғарби ва шарқии дарёи Панҷ , музофоти имрўзаи Бадахшони Афғонистон.
 
[[Шумон]] - мулкест дар байни дарёи Кофарниҳон ва Хонаќои водии Ҳиссор.
Line 409 ⟶ 429:
[[Дашти Қипчоқ]] - сарзамини имрўзаи даштҳои [[Қазоқистон]], Сибири ҷанубӣ ва дашту доманакўҳҳои Олтой.
 
[[Бухорои Шарқӣ]] - сарзамини имрўзаи [[Тоҷикистон]]и марказӣ ва ҷанубӣ, ки дар асрҳои XYIII ва ибтидои XX ба ҳайати аморати [[Бухоро]] дохил буданд.
 
[[Душанбе]] – пойтахти Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] аз соли 1924. [[Душанбе]]и имрӯза аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносон аз асрҳои XV – XVI арзи ҳастӣ намудааст.
 
[[Осиёи Миёна]] – истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XX нисбати Ҷумҳуриҳои шӯравии [[Тоҷикистон]], [[Ӯзбекистон]], [[Туркманистон]] ва [[Қирғизистон]] истифода бурда мешуд.