Вилояти Хатлон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х тахрир
Сатри 74:
 
Бино бар саршумори соли 2009, шумораи аҳолии вилояти Хатлон 2 700 200 кас буда, ки 35,9 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 464,5 ҳазор нафар (17,2 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 2210,7 ҳазор нафар (82,8 дарсад) рустоӣ будаанд. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 108,9 кас бар км² аст. Мардуми Хатлон ба забонҳои [[тоҷикӣ]] ва [[забони узбакӣ|узбакӣ]] сухан мегӯянд.
== Таърих ==
Пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад ки Хатлонро дар садаҳои миёна '''Хутталон''' ({{lang-fa|'''خـُتـَلان'''}}) ё '''Хуттал''' ({{lang-fa|'''خـُتَّـَل'''}}) меномиданд ва он вилояте буд ки миёни рӯдҳои [[Панҷ (рӯд)|Панҷ]] ва [[Вахш]] ҷой дошт.
 
Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» Хутталро аз навоҳии Балх дониста ва шаҳрҳои онро чунин ном мебарад: '''[[Ҳаловард]]''', '''[[Леваканд|Ловаканд]]''', '''Корбанк''', '''Тамлиёт''' ва '''Ҳулбук'''. Вай ин шаҳрҳоро дар шумори [[Мовароуннаҳр]] меоварад ва мегӯяд ки «'''аз Хуттал сутур нек хезад'''» ва «'''Хуттал бар канори [[Панҷ (рӯд)|рӯди Ҷарёб]] аст'''» ва «'''замини Хуттал ободон аст бо кишоварзӣ ва меваи бисёр ва дар миёни Хатлон пуле бар рӯи об сохтаанд, ки сарҳадди [[Ноҳияи Файзобод|Вишгирд]] аст, ки аз онҷо ба ҳудуди [[Балх]] меравад то ба [[Тирмиз]] бирасад ва ин рӯд [[Вахш]]об аст, ки аз [[Туркистон]] берун ояд ва ба замини Вахш расад ва ин пул дар наздикии кӯҳе дар байни Хатлон баста шудааст'''».
 
Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам», «'''Хутталон ({{lang-fa|خـُتـَلان}}) ноҳиятест ба ҳудуди Мовароуннаҳр андар миёни кӯҳҳои бузург ва ободон ва бисёркишту бисёрмардум ва неъматҳои фарох ва подшоҳи вай аз мулуки атроф аст ва мардуми ин ноҳият мардумоне ҷангианд ва андар ҳудуди вай аз сӯи Туббат мардумонеанд ваҳшӣ. Андар биёбонҳо ва андар кӯҳҳои вай маъдани сим аст ва зар ва аз ин ноҳият аспони нек хезад бисёр'''».
 
Номи ин вилоятро Хатлон ({{lang-fa|'''خـَتلان'''}}) ва Хуталон ({{lang-fa|'''خـُتـَلان'''}}) ва ал-Хуттал ({{lang-fa|'''الختًل'''}}) низ овардаанд. Ҳаким Абулқосим [[Фирдавсӣ]] дар «[[Шоҳнома]]» овардааст:
 
::Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,
::Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.
Дар роҳномаҳо ва роҳнамоҳои асрҳои миёна Хуттал ё Хатлон аз иқлими чаҳорум, тӯлаш аз ҷазоири Холидот «фо» (81 дараҷа) ва арзи он аз хатти устуво «к» (20 дараҷа) зикр шудааст. Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар «Неҳзат ал-қулуб» мегӯяд ки Хуттал «'''шаҳре бузург буда ва акнун (дар рӯзгори Муставфӣ) хароб аст. Ҳосилаш ғалла ва пунба ва ангур аст'''».
 
Абулфидоъ дар «Тақвим ул-булдон» Хутталро номи иқлиме аз иқлимҳои [[Хуросон]] дар ин сӯи [[Дарёи Аму|Ҷайҳун]] медонад ва кӯраи Хутталро ба билоди Мовароуннаҳр мепайвандад ва дар тавсифи он мегӯяд: «... '''ҳамаи шаҳрҳои Хутталро обу дарахт бошад ва дар сарзаминест бас хуррам ва ботароват ва ҳамаи он сарзамин ҷуз андаке дар ҳамворӣ бошад. Миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст ва рӯди Хуталро [[Панҷ (рӯд)|Харбоб ё Ҷарёб]] гӯянд. Дар Хуттал рӯдҳои бисёр аст ки чун гирд оянд оғози Ҷайҳун шаванд'''».
 
Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ул-ақолим» Хутталро «'''хӯрае бузург бо шаҳрҳои бисёр'''» муаррифӣ мекунад ва мегўяд ки «'''Хутал аз [[Вилояти Сурхондарё|Чағониён]] муҳимтар ва густурдатар ва дорои шаҳрҳои бештару пурбаракаттар аст'''» ва қасабаи Хутталро ба номи Ҳулбук мехонад.
 
Ёқути Ҳамавӣ ки ин сарзаминро як – ду сол пеш аз [[ҳамлаи муғул]] ба чашми сар дида аст, дар «Мўъҷам ул-булдон» Хутталро аз минтақаи Мовароуннаҳр медонад ва аз мансубон бад-он '''Наср ибни Муҳаммад ал-Хатли'''ро муаррифӣ мекунад ки фақиҳи ҳанафӣ ва шореҳи китоби «ал-Қудури алӣ мазҳаб Аби-Ҳанифа» будааст.
 
Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба [[Баҳроми Гӯр]] (Панҷум [[Баҳром]] (Вараҳрон) аз подшоҳони [[СосонӣСосониён]], [[420]] – [[438]] м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 - 300 дирҳам зикр кардаанд.
 
Шаҳрҳои Хуттал ҳама дорои ҷӯйҳо ва дарахтон будаанд ва дар замини ҳамвор қарор доштанд, ҷуз аз шаҳр Сикандара ки дар кӯҳҳо қарор дошт. Роҳи Хуталро ибни Ҳавқал дар «Сурат ул-арз» чунин баён мекунад: «... '''роҳи Хутал ба сӯи Чағониён бад-ин шарҳ аст: аз маъбари [[Бадахшон]] воқеъ бар рӯди [[Панҷ (рӯд)|Харбоб]] то [[Мунк]] шаш манзил ва аз онҷо то [[Пули Сангӣ]] ду манзил ва то шаҳри [[Леваканд]] ду манзил ва то Ҳаловард як манзил'''...».
 
== Бахшбандӣ ==
Line 164 ⟶ 187:
Вилоят 144 дармонгоҳу бемористон дорад ки 2,8 ҳазор пизишк ва 7,6 ҳазор дармонгарро дар бар мегиранд.
 
== Таърих ==
Пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад ки Хатлонро дар садаҳои миёна '''Хутталон''' ({{lang-fa|'''خـُتـَلان'''}}) ё '''Хуттал''' ({{lang-fa|'''خـُتَّـَل'''}}) меномиданд ва он вилояте буд ки миёни рӯдҳои [[Панҷ (рӯд)|Панҷ]] ва [[Вахш]] ҷой дошт.
 
Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» Хутталро аз навоҳии Балх дониста ва шаҳрҳои онро чунин ном мебарад: '''[[Ҳаловард]]''', '''[[Леваканд|Ловаканд]]''', '''Корбанк''', '''Тамлиёт''' ва '''Ҳулбук'''. Вай ин шаҳрҳоро дар шумори [[Мовароуннаҳр]] меоварад ва мегӯяд ки «'''аз Хуттал сутур нек хезад'''» ва «'''Хуттал бар канори [[Панҷ (рӯд)|рӯди Ҷарёб]] аст'''» ва «'''замини Хуттал ободон аст бо кишоварзӣ ва меваи бисёр ва дар миёни Хатлон пуле бар рӯи об сохтаанд, ки сарҳадди [[Ноҳияи Файзобод|Вишгирд]] аст, ки аз онҷо ба ҳудуди [[Балх]] меравад то ба [[Тирмиз]] бирасад ва ин рӯд [[Вахш]]об аст, ки аз [[Туркистон]] берун ояд ва ба замини Вахш расад ва ин пул дар наздикии кӯҳе дар байни Хатлон баста шудааст'''».
 
Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам», «'''Хутталон ({{lang-fa|خـُتـَلان}}) ноҳиятест ба ҳудуди Мовароуннаҳр андар миёни кӯҳҳои бузург ва ободон ва бисёркишту бисёрмардум ва неъматҳои фарох ва подшоҳи вай аз мулуки атроф аст ва мардуми ин ноҳият мардумоне ҷангианд ва андар ҳудуди вай аз сӯи Туббат мардумонеанд ваҳшӣ. Андар биёбонҳо ва андар кӯҳҳои вай маъдани сим аст ва зар ва аз ин ноҳият аспони нек хезад бисёр'''».
 
Номи ин вилоятро Хатлон ({{lang-fa|'''خـَتلان'''}}) ва Хуталон ({{lang-fa|'''خـُتـَلان'''}}) ва ал-Хуттал ({{lang-fa|'''الختًل'''}}) низ овардаанд. Ҳаким Абулқосим [[Фирдавсӣ]] дар «[[Шоҳнома]]» овардааст:
 
::Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,
::Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.
Дар роҳномаҳо ва роҳнамоҳои асрҳои миёна Хуттал ё Хатлон аз иқлими чаҳорум, тӯлаш аз ҷазоири Холидот «фо» (81 дараҷа) ва арзи он аз хатти устуво «к» (20 дараҷа) зикр шудааст. Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар «Неҳзат ал-қулуб» мегӯяд ки Хуттал «'''шаҳре бузург буда ва акнун (дар рӯзгори Муставфӣ) хароб аст. Ҳосилаш ғалла ва пунба ва ангур аст'''».
 
Абулфидоъ дар «Тақвим ул-булдон» Хутталро номи иқлиме аз иқлимҳои [[Хуросон]] дар ин сӯи [[Дарёи Аму|Ҷайҳун]] медонад ва кӯраи Хутталро ба билоди Мовароуннаҳр мепайвандад ва дар тавсифи он мегӯяд: «... '''ҳамаи шаҳрҳои Хутталро обу дарахт бошад ва дар сарзаминест бас хуррам ва ботароват ва ҳамаи он сарзамин ҷуз андаке дар ҳамворӣ бошад. Миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст ва рӯди Хуталро [[Панҷ (рӯд)|Харбоб ё Ҷарёб]] гӯянд. Дар Хуттал рӯдҳои бисёр аст ки чун гирд оянд оғози Ҷайҳун шаванд'''».
 
Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ул-ақолим» Хутталро «'''хӯрае бузург бо шаҳрҳои бисёр'''» муаррифӣ мекунад ва мегўяд ки «'''Хутал аз [[Вилояти Сурхондарё|Чағониён]] муҳимтар ва густурдатар ва дорои шаҳрҳои бештару пурбаракаттар аст'''» ва қасабаи Хутталро ба номи Ҳулбук мехонад.
 
Ёқути Ҳамавӣ ки ин сарзаминро як – ду сол пеш аз [[ҳамлаи муғул]] ба чашми сар дида аст, дар «Мўъҷам ул-булдон» Хутталро аз минтақаи Мовароуннаҳр медонад ва аз мансубон бад-он '''Наср ибни Муҳаммад ал-Хатли'''ро муаррифӣ мекунад ки фақиҳи ҳанафӣ ва шореҳи китоби «ал-Қудури алӣ мазҳаб Аби-Ҳанифа» будааст.
 
Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба [[Баҳроми Гӯр]] (Панҷум [[Баҳром]] (Вараҳрон) аз подшоҳони [[Сосонӣ]], [[420]] – [[438]] м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 300 дирҳам зикр кардаанд.
 
==Пайнавишт==