Шӯриши Восеъ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 5:
Соли [[1878]] ду ҳазор деҳқон аз худсарию зиёд шудани миқдори хироҷу закот ба шӯр омада, қалъаи Балҷувонро муҳосира карданд. Беки Балҷувон Абдукаримбек (писари беки [[Самарканд]] - Шералии иноқ), аз ғазаби халқ тарсида, ба [[Ҳисор]] гурехт. Деҳқонон қалъаро гирифтанду молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамон дам хона ба хона пароканда шуданд.
Ошуб бо қувваи мусаллаҳи беки Ҳисор пахш карда шуда, чанд нафарро ба дор кашиданд. Иштирокчиёни фаъоли шӯриш аз чазои ваҳшиёна тарсида, ба сӯи [[Дарвоз]] гурехтанд. Абдукаримбек боз ба Балҷувон баргашта, мисли пештара худсарӣ кардан гирифт.
 
===Шӯриши [[Восеъ]]===
Ҳамаи ин шӯришу ошубҳо барои ҳаракати азиме ки, соли 1888 бекии [[Балҷувон]]ро фаро гирифт, гуё заминае тайёр карда буд. Ин шӯриш бо номи шӯриши Восеъ маъруф гаштаст.