Таб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Clinical thermometer 38.7.JPG|thumbnail|Ҳароратсанҷ]]
'''Таб''' (Febris, pyrexia), табрез, табёза, табларза, дар натиҷаи ба маркази танзими ҳарорат таъсир намудани омилҳои гуногун – сирояти микроорганизмҳои касалиовар, захм, маҳв шудани бофтаҳо ва ғ. баланд гаштани ҳарорати бадан. Т. бемории мустақил нест, вале баъзе бемориҳоро ҳоло ҳам «Т.» меноманд. Ҳангоми Т. мубодилаи моддаҳо, асабияи марказӣ, [[узв]]ҳои нафаскашӣ, ғадудҳо, дилу рагҳо ва ғ. тағйир меёбад; нобудшавии сафедаҳо ва оксидшавии карбогидратҳою равған зиёд гардида, об ва баъзе электролитҳо дар бадан боздошта мешаванд. Дараҷаи зуҳуроти Т. ба қувваи омили табофар ва ангезишпазирии маркази танзими ҳарорат вобастагӣ дорад.
Т. сироятӣ ва ғайрисироятӣ мешавад. Т.-и сироятӣ дар натиҷаи ба организм таъсир намудани токсин (заҳр) ва маҳсули мубодилаи микробу вирусҳо, лат хӯрдани бофтаҳо, нобуд шудани лейкоситҳо ва ғ. ба вуҷуд меояд. Т.-и ғайрисироятӣ бошад, ҳангоми осеби гипоталамус, хунгузаронӣ ва ғ. пайдо мешавад.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Таб"