Томирис: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Addbot (баҳс | ҳисса)
х Bot: Migrating 18 interwiki links, now provided by Wikidata on d:q464777 (translate me)
х илова
Сатри 1:
'''Малика Томирис''' (соли 530 топеш аз милод) - сарвари қабилаҳои эронизабони сакоиҳо (масагетҳо - забони юнонӣ). Томирис дар набард лашкари подшоҳи [[Ҳахоманишиён]] [[Куруши Кабир]]-ро шикаст додааст ва Ватанашро муҳофизат кардааст.
== Порчае аз китоби Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I ==
 
=== Нияти [[Куруши Кабир]]===
 
[[Куруши Кабир]]-ро вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне [[Осиёи Миёна]], доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят ў дубора ба сўи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи аrибгоҳи худро бартараф намояд. Куруш дар пайи торумор кардани бодиянишинони муқтадири [[Осиёи Миёна]] худ ба набарди зидди онҳо рафт.
Он вақт ҳукмрони сакоиҳо (масагетҳо - юнониюнонӣ) Малика Томирис буд. Вай бо вуҷуди зан буданаш, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Дар тафсилоти Трог-Юстин, дар ибтидо писари Томирис кушта шуда будааст.
 
=== Аз тафсилоти Трог-Юстин ===
Куруш баъди ҳуҷуми сакоиҳо гуё фирор намуд. Писари Томирис ва сарбозонаш аз ғалабаи аввалин рўҳбаланд шуданд. Ҷавони кори ҳарбро наозмуда, ҳамин ки қадам ба ӯрдугоҳи душман ниҳод, худро на дар майдони разм, балки дар саҳни базм дарёфт, душманро фаромўш кард ва гузошт, ки сарбозони барбарии шаробнадида аз май масти лояъқил шаванд . Чун Куруш аз ин ҳол воқиф шуд, шабонгаҳ пас гашт ва ин сарбозони масти афтода ва оxизу нотавонро њамроњи писари малика сар аз тан xудо кард. Томирис ин қадар қўшунро ва аз ҳама аламноктар ягона фарзанди дилбанди худро аз даст дода, тасаллои дили пурдарди худро на дар ашкҳои сӯзон, балки дар интиқоми xунситон дид ва мисли ҳамон тадбири душмани маккор тадбир андешид. Вай чунон вонамуд кард, ки гўё пас аз ин зарбаи сахт ба қувваи худ бовар надорад ва роҳи гурезро пеш гирифтааст.
Малика Томирис Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ўро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеҷ гоҳ аз он сер намешудӣ». (Юстин, I, 8, 1-13). <ref> Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. – Душанбе, 2008, - с. 7681</ref>
===Ҳикояти Геродот===
:Ҳикояти Геродот (а, 205-214) боз ҳам муфассалтар аст. Аз он маълум мешавад, ки Куруш аввал ба воситаи фиристодагони махсуси Томирис ба малика заношӯ шуданро пешниҳод карда будааст. «Лекин Томирис, менависад Геродот, - на хостгори вай, балки хостгори салтанати массагетҳо будани Курушро пай бурда, ин пешниҳодро рад намуд» (I, 205).Писари Томирисро Спаргапис меномиданд вай кушта нашуда, балки асир афтода, худашро кушта будааст. Доир ба муҳорибаи массагетҳо ва қӯшуни ҳахоманишӣ чунин нақл карда мешавад: "... Ин муҳориба аз тамоми задухӯрдҳое, ки баробариҳо штирок доштаанд,шадидтар. Аз рӯи шунидам, вай ин тариқа рӯй додааст:аввал ҳарду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир паррондаанд, сонӣ, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз ба ҳам муқобил истода, ҳеҷ яке аз тарафҳо ба гурез рӯ наниҳодааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшуни форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст" (Геродот, I, 214). Страбон ба (IX,8,5) ин ахбор чунин як маълумоти хеле муҳимро илова менамояд, ки дар вақти ин ҷанг душманони бодиянишини Куруши II (ӯ онҳоро сакоӣ меномад) қӯшуни ҳахоманиширо ду бор шикаст доданд. <ref> Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 2008, с. 81 - 82</ref>
 
Ин муҳорибаи таърихӣ ва бохти Куруш[[Куруши Кабир]] соли 530 топеш аз милод рӯй додааст. Дигар дар бораи Томирис иттилооти аник нест.
 
==Нигаред==
Ин муҳорибаи таърихӣ ва бохти Куруш соли 530 то милод рӯй додааст. Дигар дар бораи Томирис иттилооти аник нест.
[[Осиёи миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо]]
== ПайнавиштҳоМанобеъ ==
<references />
== Пайвандхои беруна ==
== Пайвандхои беруна ==
* [http://www.turklib.ru/?category=military_history&altname=carica_massahetov_tomiris ЦАРИЦА МАССАГЕТОВ ТОМИРИС]
*[http://www.tarih.tj/ Таърихи Тољикистон]
 
{{bio-stub}}
 
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳахоманишиён]]