Иоҳан Волфганг фон Гёте: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 7:
|Вазифа=
}}
'''Гёте (Goethe) Иоҳан Волфганг''' (28.08.1749, Франкфурти лаби Майн − 23.03.1832, Веймар), [[шоир]], [[нависанда]], намоишноманавис, [[наққош]], муҳаққиқ, инсоншинос, [[файласуф]] ва [[сиёсатмадор]]и олмонӣ. Мазҳари «асри тиллоӣ»-и ҳикмату адаби олмонӣ, яке аз мардони бузурги фарҳангии асри 18 ва 19-и [[Аврупо]] (дар қатори У.[[Шекспир]] дар [[Англия]], В. Ҳюго дар [[Фаронса]] ва Данте дар [[Итолиё]] ҳамчун чаҳор рукни адабиёти [[Аврупо]] шинохта мешавад) ва яке аз афроди барҷастаи адабиёти ҷаҳон.Дар хонадони шаҳрии сарватманду бомаърифат ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар назди устодони хусусӣ ба поён расонд; аз онҳо забонҳои юнонӣ, лотинӣ, итолиёӣ, англисӣ, ибрӣ, забони яҳудиёни Аврупои Шарқӣ (баъдтар, фаронсавиро ҳангоми ишғоли ш.шаҳри Франкфурт аз ҷониби фаронсавиён дар Ҷанги ҳафтсола) аз худ кард, мусиқию нақшакаширо омӯхт. Маълумоти ҳуқушиносиро дар ш.-ҳоишаҳрҳои Лейпсиг ва Страсбург ба даст оварда, ба дараҷаи доктори ҳуқуқ расид. Ӯ ба илмҳои табиӣ низ мароқ дошт. Нахустин маҷмӯаи ашъораш соли 1769 ба табъ расид. Аз замони шиносоияш бо И. Г.Ҳердердар соли 1770 – 75 эҷодиёти Г.Гёте бо ҷараёни адабии «Тӯфону туғён»иртибот мегирад ва аз пешгомони ин ҳаракати адабӣ буд. Г.Гёте бо тавсияи Ҳердер ба осори Шекспир, ҳамосаҳои олмонии куҳан ва таронаҳои мардумӣ ошно шуд ва тавонист, ки имкониятҳои ғании лирикаи манзаравиро ба намоиш гузорад («Суруди оворае дар тӯфон», 1771; «Раҳгузар», 1772). Дар драмаҳои таърихии «Гётес фон Берлихинген» (ки соли 1773 бо илҳом аз Шекспир навишта шудааст), «Эгмонт» (1778) бо истифода аз шӯру шавқи озодидӯстӣ қолибҳои догматикии класситсизмро барҳам зад. Романи аввалини ӯ «Нокомиҳои Вертери ҷавон» (1774, ки тақрибан шарҳи ҳоли ӯст) дар сар то сари Аврупо маъруфият пайдо кард. Кидар он Г.Гёте бо мувозинаи ратсионализми маорифпарварӣ ҷаҳони отифӣ (эҳсосотӣ)-и инсонробо нуктапардозӣ бозтоб кард.