Тақсими кори байналмилалӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 102:
Нишондиҳандаи нисбатан ҳақиқии иштироки мамлакат дар тақсимоти байналхалқии меҳнат: аз ҷиҳати ҷалб намудани захираҳои мамлакати алоҳида ба системаи хоҷагии ҷаҳонӣ нишондиҳандаи ҳиссаи содирот мебошад.
Ҳиссаи содирот – сатҳи вобастагии истеҳсолоти хоҷагии миллиро аз фурӯши молҳои дохилӣ дар бозорҳои содиротии мамлакатҳои дигар оид ба истеҳсоли миқдори муайяни молҳо барои фурӯш дар бозори ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Дар шакли формула ин ҳисса чунин навишта мешавад:
: дар ин ҷо
СК – ҳиссаи содирот;
С - ҳаҷми содирот;
MMД – ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
Ҳар кадар содирот баланд бошад: захираҳои мамлакат ба тақсимоти байналхалқии меҳнат ҳамон қадар зиёдтар ҷалб карда мешаванд. Вусъати ҳиссаи содирот ба фарқияти байни ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва андозаи истеъмол дар дохили мамлакат вобаста аст. Мутобиқи бузургии ҳиссаи содирот самти махсусгардонии мамлакатро дар тиҷорати байналхалқӣ муайян кардан мумкин аст. Масалан: махсусгардонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси он ки ҳиссаи содироти соҳахои пахтатозакунӣ ва алюминий назар ба ҳисоби миёнаи маҳсулоти миллӣ баланд аст, муайян кардан мумкин аст.

-Нишондиҳандаи иштироки мамлакат дар ҳаракати байналхалқии сармоя:

а) ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ нисбат ба ММД;

Line 113 ⟶ 112:
в) ҳаҷми қарзи беруна нисбат ба ММД;

г) ҳаҷми пардохтҳо нисбат ба даромадҳо аз содирот.

* нишондиҳандаҳои иштироки мамлакат дар ҳаракати байналхалқии қувваи корӣ;
* нишондиҳандаи иштироки мамлакат дар мубодилаи байналхалқии технология;

Фаромиллаликунонии хоҷагии ҷаҳонӣ бо фаъолияти КФ вобастагӣ дорад. КФ чунин сохтори хоҷагидорие мебошад, ки сармояаш ба як давлат таалуқ дошта ширкатҳои фаръи ва духтариаш дар мамлакатҳои гуногун фаъолият мекунанд. КФ аз нимаи дуюми асри 20 дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба миён омада шумораи ширкатҳои модарии онҳо дар замони муосир ба 50 хазор ва шумораи ширкатҳои фаръии онҳо ба 300 ҳазор расидааст. Ширкатҳои модарии КФ асосан дар мамлакатҳои мутараққӣ ва ширкатҳои фаръии онҳо дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ҷойгир кунонида шудаанд. Фаъолияти КФ ҳамзамон хеле васеъ мебошад. Ҳиссаи асосии онҳо ба ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷопон рост меояд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ҳар сол зиёда аз 1 трлн. долларо ташкил медиҳад. Шумораи коргарони онҳо ба 73 млн. нафар мерасад.

Дар адабиёти хориҷӣ шаклҳои мухталифи ШФМ мавҷуд аст. Чунин намудхои ШФ-ро ҷудо мекунанд.
# Ширкатҳои фаромиллалӣ;
Line 124 ⟶ 120:
# Ширкатҳои байналмиллалӣ;
# Ширкатҳои бисёрмиллалӣ.

ШФ як навъ қувваи муосири ҳаракатдиҳандаи хоҷагии ҷаҳонӣ буда онро ба бозори ягонаи мол, хадамот, сармоя, қувваи корӣ ва технология мубаддал намудааст. Раванди ба бозори ягонаи мол, хадамот, сармоя, қувваи корӣ ва технология мубаддал гардидани хоҷагии ҷаҳониро умумибашаригардонӣ меноманд. Моҳиятан ин раванд дараҷаи нисбатан баланди байналмиллалигардонӣ ва инкишофи минбаъдаи он ба ҳисоб меравад. Яъне дар замони муосир хоҷагии ҷаҳонӣ ба бозори ягона барои 10-ҳо ҳазор ШФ мубаддал гардида ҳамаи минтақаҳо барои фаъолияти онҳо кушода мебошанд.

Мақсади ШФ-ҳои муосир дар боробари максимизатсияи фоида максимизатсияи бозор мебошад. Зеро дар акси ҳол рақибони хориҷӣ ҷои онҳоро, на танҳо дар бозорҳои хориҷӣ балки дар бозори миллӣ, забт карда мегиранд. Дар замони муосир бозорҳои ҷаҳонӣ бисёр намуди молҳо аллакай байни ШФ тақсим карда шудаанд: «Айбиэм» -бозори компютеру барномаҳои он, Эксон- бозори маҳсулоти нафт, Макдоналдз- бозори хурокворӣ, Форд ва Ҷенерал моторз –бозори мошинаҳои сабукрав ва варзиш. Ҳамин тариқ ҷиҳати дигари сиёсати максимизатсияи бозор шиддатёбии рақобати байналхалқӣ мебошад. Ин натиҷаи асосии раванди умумибашаригардонӣ мебошад. Азбаски он ба азбайнравии бисёр ширкатҳои миллӣ дар натиҷаи тоб наовардан ба рақобати шадид меоварад қисми зиёди одамон ба муқобили он баромад мекунанд.