Фарқият байни намунаҳои "Турсун Ӯлҷабоев"

х
илова
х (Иловаи Гурӯҳ)
х (илова)
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Турсун Ӯлҷабоев
|Номи аслӣ=Турсун Ӯлҷабоев(Турсунбой) Улҷабоевич Улҷабоев
|Акс= noimage.gif
|Зодрӯз= [[1 май]]и соли [[1916]]
|Зодгоҳ=[[ноҳияи Бобоҷон Гафуров| ноҳияи Хуҷанди]], [[вилояти Суғд]]
|Зодгоҳ=
|Даргузашт= [[198931 май]]и соли [[1988]]
|Вазифа= ходими ҳизбӣ ва давлатӣ
}}
'''Турсун Ӯлҷабоев''' - ([[1 май]]и соли [[1916]] дар деҳаи Қуруқи [[ноҳияи Бобоҷон Ғафуров| ноҳияи Хуҷанди]] -1989 [[31 май]]и соли [[1988]]), ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, [[Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон]] байни [[24 май]]и, соли [[1956]] ва [[12 апрел]]и, соли [[1961]] буд.
== Ҳолнома ==
Турсун Улҷабоев [[1 май]]и соли [[1916]] дар деҳаи Қуруқи [[ноҳияи Бобоҷон Ғафуров| ноҳияи Хуҷанди]], [[вилояти Суғд]] ба дунё омадааст. Соли 1935 техникуми омузгорӣ ва с. 1950 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри [[Москва]] хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов (1935 – 1937) саркарда, сипас ба ҳайси мудири шӯъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ноҳияи Нов, котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон (1941 – 1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950-1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954-1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955-1956), [[Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон]] (аз майи соли [[1956]] то апрели соли [[1961]]) кор кардааст. Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли [[1960]] сохтмони [[Нерӯгоҳи барқии обии Норак]] ҷомаи амал пӯшид.
Дар пленуми КМ ҲКИШ (апрели с. 1961) ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев дар қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардан дар бораи иҷроиши нақшаҳои пахтасупорӣ ба давлат гунаҳгор дониста шуд ва аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ гардид.Турсун Улҷабоев баъдан сафед карда шудааст.
== Фаъолияти баъдина ==
Солҳои минбаъда ба ҳайси директори совхози қафомондаи «Метин - туғай», ҳоло хоҷагии ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон (1961-1964), директори совхози «Ғарм» - и ноҳияи Комсомолобод (1964-1973), ҷонишини директор, аз соли 1976 то соли 1986 директори совхози «ХХII партсъезд» - и ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) кор кардааст.
 
Турсун Улҷабоев вакили Шӯрои Олии [[ИҶШС]], Шӯрои Олии [[ҶШС Тоҷикистон]], узви КМ ИЛКҶ ва КМ ҲК Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишотии ҲКИШ буд.
Маҳз бо ташаббуси сарвари хамонвақтаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев сохтмони [[Нерӯгоҳи барқии обии Норак]] соли [[1960]] ҷомаи амал пӯшид.
Дар давраи истиқлолият роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматҳои Т. Улҷабоев дар рушди иқтисолиёти ҷумҳурӣ баҳои баланд дод. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [[Эмомалӣ Раҳмон]] (1997) [[Нерӯгоҳи барқии обии Норак]] ба номи Турсун Улҷабоев гузошта шуд. .<ref>[Вазирони корҳои хориҷи, Турсун Улҷабоев http://mfa.tj/tj/vazironi-korhoi-khoriji/vazironi-korhoi-khoriji.html]</ref>
 
==Мукофоту ҷоизаҳо==
== Пайвандҳои беруна ==
* ордени Ленин,
* 2 ордени Нишони Фахрӣ,
* 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
* панҷ медал ва чор Граммотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС мукофотонида шудааст
 
== Нигаред ==
{{bio-stub}}
* [[Нерӯгоҳи барқии обии Норак]]
== Манбаъ ==
<references/>
* [http://proekt-wms.narod.ru/states/uldjabaev-tb.htm Биография]
* [http://www.centrasia.ru/person2.php?&st=1013881218 Биография на ЦентрАзия. Ру]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Сарварони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Котибони якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Арбобони давлатии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров таваллудшудагон]]