Зиёдулло Шаҳидӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х таҳрир
Сатри 9:
}}
 
'''Зиёдулло Шаҳидӣ''' - ([[4 май]]и соли [[1914]], ш. [[Самарқанд]] – [[25 феврал]]и соли [[1985]], ш. [[Душанбе]]) арбоби намоёни ҷамъиятию фарҳангӣ, оҳангсоз. [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]] ([[1964]]), дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] ([[1985]]), раиси раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1956-1960).
 
== Ҳолнома ==
Аз ҷумлаи шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии тоҷик аст, ки дар [[Самарқанд]]и бостонӣ дар хонаводаи ҳунарпеша, мутриби шинохтаву варзида Муқаддасхон дида ба олам кушодааст.
Соли [[1939]] ба [[Сталинобод]] (ҳоло – [[Душанбе]]) омадааст ва ба ҳайси роҳбари ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев (1939-1952)кор кардааст. Ӯ аз оҳангсозони барҷастаи рус А.С. Ленский ва С.А. Баласанян дарси композитсия омӯхтааст (1943-1946). Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи [[Москва]] (1949) ва шӯъбаи миллии Консерваторияи мазкурро хатм кардааст. Зиёдулло Шаҳидӣ ба омӯзиши касбу ҳунар худро маъмур ҳисобид ва тадриҷан пеши хунёгарони номии [[Иттиҳодии Шӯравӣ]] дарси ҳунару маҳорат омӯхт.
Соли [[1957]] баъди хатми Консерваторияи ба номи Чайковскийи шаҳри [[Москва]] аввалин барномаи консертии худро доир кардааст, ки аз ҷониби мухлисони созу наво хуш пазируфта шудааст.
 
Сатри 50:
“Комде ва Мадан” аз ҷумлаи машҳуртарин ва маъруфтарин асарҳоест, ки тақрибан ҳар сол мавсими театриро дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳ мекунад. «Комде ва Мадан» ҳамчунин дар саҳнаи театрҳои Ӯзбакистон, аз ҷумла дар зодгоҳи оҳангзоз шаҳри Самарқанд ба саҳна гузошта шудааст. Дар бораи шӯҳрати операи «Комде ва Мадан» мусиқишмносони аврупоӣ чунин нигошта буданд: «То ҳанӯз аврупоиён операе эҷод накардаанд, ки мавзӯяш мусолиҳаи ду дин ва ду фарҳанг бошад. Дар ин опера ҳамчунин мусиқии исломӣ ва мусиқии ҳиндӣ ҳамоҳанг шудаанд. Он чиро, ки мо меҷӯем, шумо (манзур - халқи тоҷ.) барвақт ёфтаед ва ба он комёб гардидаед». Бузургтарин сарвати Шаҳидии марҳум асарҳои ҷовидона, шогирдон ва пайравонаш мебошанд.
Ҳамчунин дар иҷрои Оркестри калони симфонии радио ва телевизиони [[Москва]] дар солҳои 70 сабт шудаву солҳои 80 дар қалби Иттиҳоди Шӯравӣ интишор ёфтааст. Зиёдулло Шаҳидӣ асарҳое дорад, ки замоне машҳуртарин ҳунармандони кишвар Муқаддас Набиева, [[Шоиста Муллоҷонова]], [[Ҳанифа Мавлонова]] ва дигарон сароидаанд ва ҳоло ин сурудаҳо фонди тиллоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.<ref name="tojnews.org"/>
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
Сатри 59:
4 маротиба вакили Шӯрои Олии СССР интихоб шуда, дар ҳамаи даҳаҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар [[Москва]] солҳои ([[1941]], [[1949]],[[1957]]) иштирок намудааст.
== Ёдбуд ==
БастакориОҳангсози шинохта бо гузоштани мероси гаронбаҳо соли [[1985]] дар шаҳри [[Душанбе]] дида аз олам барбаст ва тибқи васияташ хонаи ӯ ба осорхонаи эҷодиёташ табдил ёфт. Яке аз кӯчаҳои ш. [[Душанбе]] ва ОмӯзишгохиОмӯзишгоҳи мусиқии пойтахт ба номаш гузошта шудаанд. Дар ш. [[Душанбе]] аз соли [[1996]] осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусмусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ таъсис ёфтааст.
 
Ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии [[Тоҷикистон]] маҷмӯъаи асарҳои мусиқии ӯ интишор ёфанд. Таронаҳои Шаҳидӣ мухлисонашро як бори дигар ба ёди ӯ бурданд ва фазои солҳои 70-80 қарни гузаштаро дар гӯшаи хотири худ зинда карданд. Миёни ин асарҳо таронаҳои ба дидаву дили мардум наздики «Муҳҳабат», «Хонаи мо», «Ситораи ман», романси «Сӣ сузи сина» ва ғайраҳо, ки замоне аз пуршунавандатарин таронаҳо дар барномаҳои радио ва телевизиони кишвар буданд, ҷо дода шуданд. Ҳунарпешаҳои имрӯзаи кишвар таронаҳои Зиёдулло Шаҳидиро аз нав эҳё намуда сароиданду аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шудаанд.
 
Яке аз онҳопайгирони оҳангсоз фарзанди баруманди ӯ [[Толиб Шаҳидӣ]] ва дигар наберааш Табрез Шаҳидӣ аст. [[Толиб Шаҳидӣ]] аз пайравони ростини роҳи падар аст ва заҳамоташ бо ҷоизаи[[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устодАбӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] қадр шудааст. Табрез низ аз ҷумлаи бастакорониоҳангсозони насли навини кишвар аст, ки дар ш. [[Москва]] кору эҷод мекунад.<ref name="tojnews.org"/>
 
== Пайвандҳо ==
* [http://tojnews.org/chehra-ziyodullo-shahidi ЗИЁДУЛЛО ШАҲИДӢ - TojNews]
*
 
* [http://faraj.tj/index.php?newsid=1359 ЗИЁДУЛЛО ШАҲИДӢ - Faraj.tj]
 
== Эзоҳ ==