Шоҳроҳи Абрешим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
Барчасб: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ
хNo edit summary
Барчасб: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ
Сатри 10:
 
==Нақшаҳои Барқароркунӣ==
 
Намояндагони вазоратҳои роҳу нақлиёти 19 кишвари Аврупову Осиё, бо шумули Чину Эрон, Русияву Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар Женева ба хотири эҳёи Роҳи Абрешим ва дигар масирҳои қадими тиҷорат байни ин ду қора то соли 2014 ваъдаи 43 миллиард доллар сармоягузорӣ супурдаанд.
 
Ин нишаст бо ибтикори ESCAP ва UNECE, кумиссиёнҳои иқтисодии СММ дар умури кишварҳои Осиёву ҳавзаи уқёнуси Ором ва Аврупо доир шуд.
 
Аммо ба фарқ аз ду ҳазор соли пеш, ки Роҳи Абрешим Осиёро тавассути роҳҳои корвонгард бо Аврупо мепайваст, ин бор сухан дар бораи эҳдоси шабакаҳои муосири иртиботӣ, ба хусус роҳҳои нави оҳан мераванд.
 
'''Дар Тоҷикистон'''
 
Тоҷикистон ба маҳзи кишвари хушкаӣ будану дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштанаш ба эҳёи Роҳи Абрешим ҳаётан манфиатдор аст. Ба хотири пайванди бештар бо масирҳои умдаи тиҷоратӣ, аз ҷумла масирҳои воқеъ дар тӯли Роҳи қадими Абрешим, барномаҳое амал мекунанд, ки умдатаринҳояш сохтмони ҳанӯз ниматамоми роҳи Кӯлоб – Қулма –Қароқурум ду тарҳи бузурги бунёди роҳи мошингард ва роҳи оҳан аз Тоҷикистон тавассути Ҳироти Афғонистон то шаҳри Машҳад, маркази тиҷоратии шарқи Эрон аст.
 
Мувофиқати усулӣ дар мавриди эҳдоси роҳи оҳан байни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ҳанӯз дар тобистони соли [[2006]] дар мулоқоти руъасои ин се ҷумҳурӣ дар Душанбе ҳосил шуда буд ва феълан тарҳи эҳдоси ин роҳ мавриди омӯзиши гурӯҳҳои корӣ қарор доштааст. Бар асоси тавофуқи бадастомада, қарор аст, ҳар кишвар он қисмати ин роҳи оҳанро, ки аз қаламраваш мегузарад, худаш бисозад. <ref name=hda /> Эҳёи Роҳи Абрешим ҳалқаи феълан тангу буғикунандаи бунбасти иртиботиро барои Тоҷикистон сабуктар ва фосилаи роҳ то бозорҳои ҷаҳониро барояш камеи дигар камтар хоҳад кард.