Аз Ориён то Сомониён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х таҳрир
Сатри 1:
'''“Аз Ориён то Сомониён”''' - Китоби сеюми [[Эмомалӣ Раҳмонов]] аз силсилаи китобҳои '''"Тоҷикон дар оинаи таърих"''' мебошад.
Дар арафаи ҷашнҳои 15-солагии истиқлоли давлатии [[Тоҷикистон]], соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700 - солагии шаҳри [[Кулоб]] ва анҷумани шашуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон китоби сеюми Президенти мамлакат [[Эмомалӣ Раҳмонов]] "Аз Ориён то Сомониён" аз силсилаи китобҳои "Тоҷикон дар оинаи таърих" нашр шуд, ки тӯҳфаи сазовору гаронмояи Сарвари давлат ба мардуми шарафманди [[Тоҷикистон]] дар остонаи тантанаҳои пурифтихори миллӣ аст.
 
Китоби "Аз Ориён то Сомониён" аз панҷ боб иборат буда, идомаи тадқиқоти илмии таърихӣ ва андешаҳои [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] [[Эмомалӣ Раҳмонов]]ро оид ба гузаштаю имрӯзаи сарнавишти бою пурғановати мардумони ориёӣ мебошад.
Ҳадафи асосӣ аз тадқиқоти илмӣ ва таълифи китобҳои мазкур дар сарсухани китоби аввал аз ин силсила хеле возеҳу фаҳмо зикр гашта буд: ''"Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд."''
 
Ба ин ва суолҳои зиёди дигар оид ба таъриху тақдири пур аз шебу фарози ниёгони фарҳангдӯсту фарҳангофари мо дар ин китобҳо посухҳои дақиқу илман асоснок дарёфт кардан мумкин аст.
Сатри 11:
 
== Нигаред ==
Эмомалӣ Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих.Аз Ориён то Сомониён. Китоби сеюм якум.- ДушанбеLondon: Flint river editions Great Britian, 20071999. - 240 c.[ftp://91.218.161.60/kitobho/Tadjiki_v_zerkale_is.pdf]
[[Гурӯҳ:Китобҳо аз рӯи алифбо]]