Муҳаммадҷон Қосимов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Иловаи Гурӯҳ
х илова
Сатри 6:
|Зодгоҳ=
|Даргузашт=[[5 июл]]и [[1971]]
|Вазифа=актёриҲунарпешаи театр ва кинои тоҷик
}}
 
'''Муҳаммадҷон Қосимов''' - ([[9 май]]и соли [[1907]] - [[5 июл]]и [[1971]]ш. [[Душанбе]]), актёри театр ва кинои тоҷик. [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]]. [[Ҳунарпешаи халқии СССР]] ([[1941]]).
==Зидагинома==
Муҳаммадҷон Қосимов (9.5.1907, деҳаи Риштон, ҳозира н-яи Олтиариқи вил. Фарғонаи РСС Ӯзбекистон- 5. 7. 1971, Душанбе), актёри советии тоҷик, Арт. Халқии СССР (1941). Аъзои КПСС аз с. 1948. Яке аз саромадони театри касбии тоҷик. Дар оилаи саҳҳоф таваллуд ёфтааст. Қосимов дар мактаби кӯҳна, сипас дар интернати советӣ муддате дар Техникуми педагогии Қӯқанд ва Техникуми кооперативии Тошкент таҳсил кардааст. С. 1929 дар Риштон труппаи драмавӣ ташкил мекунад. Аз ибт. с. 1931 то охири умр артисти Театри давлатии тоҷик (ҳоло Театри академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ). Қосимов маълумоти касбӣ надошт. Бинобар ин худомӯзӣ намуда, аз режиссёрҳои театр сабақ гирифт.
==Образҳои саҳнавӣ==
Беҳтарин образҳои офаридаи ӯ дар шаш соли аввал:
* Арслон, Саримсоқ – “Ду коммунст” ва “Оташмезанем”-и К. Яшин;
* Ҳайдарбек - “Духтари чӯпон”-и Валидов;
* Берест - “Платон Кречет”- и А. Корнейчук ва ғ.
 
Қосимов пеш аз ҳама дар иҷрои ролҳои калони драмавию фоҷиавӣ комёб шудааст. Образҳои офаридаи ӯ барҷастаю бошукӯҳ баромада, дар айни ҳол сиришти поки инсонӣ доштанд:
* Раҳимбек (“Калтакдорони сурх”-и С. Улуғзода, 1941);
* Отелло ва Лир (“Отелло” ва “Шоҳ Лир”-и У. Шекспир, 1939, 1957),
* Ҳокими шаҳр (“Ревизор”- Н. Гоголь, 1946, 1952),
* Муравьёв (“Ғолибон”-и Б. Чирсков, 1947),
* Ҳусайни Бойқаро (“Алишери Навоӣ”-и Уйғун ва И. Султон, 1949),
* Арслон (“Номуси оила”-и Ҳ. Мухторов, 1949),
* Солеҳбой (“Бой ва хизматгор”- Ҳ. Ҳакимзода, 1957),
* Мадаминбек (“Ҳурият”-и Ғ. Абдулло, 1964),
* Амир Темур (“Қиссаи модар”, дар асоси ҳикояҳои М. Горький, 1968) ва ғ.
*
Қосимов дар иҷрои ролҳои мазҳакавӣ ҳам муваффақият пайдо кард: чунончи,
* Менго ( “Чашмаи гӯсфандон”-и Лопе де Вега, 1942),
* Каримов (“Шодиёна”-и М. Зокиров, 1950),
* Таърифхӯҷаев (“Таърифхӯҷаев”-и А. Деҳотӣ ва Б. Раҳимзода, 1953),
* Мавлон (“Сӯзании шоҳӣ”-и А. Қаҳҳор, 1953) ва ғ.
 
Қосимов дар спектаклҳои Театри драмаи русии ба номи М. Маяковский “Соати бурҷи Кремль” ва “Одами милтиқдор”-и Н. Погодин, “Соли 1919-и фаромӯшнашаванда”- В. Вишневский роли И. В. Сталинро, бозидааст.
 
Қосимов аз с. 1942 дар кино баромад карда, якчанд образҳои барҷаста офаридааст.
* Ҳофиз (Писари Тоҷикистон”, 1942),
* Исмоилбек (“Застава дар кӯҳҳо”, 1953),
* Азимшоҳ (“Дохунда”, 1956),
* Бобониёз (“Вазифаи олӣ”, 1958),
* Саҳл ибни Мансур (Қисмати шоир”, 1958),
* Кова (“Байрақи оҳангар”, 1961),
* Саидов (“Бо амри дил”, 1968),
* Зол (“Достони Рустам”, 1970) ва ғ.
 
Қосимов чун режиссёр низ қувваозмоӣ намуда, пьесаҳои “Дар оташ”-и С. Улуғзода (ҳамроҳи Ҳ. Раҳматуллоев), “Овози Америка”-и Б. Лавренёв (ҳамроҳи А. Раҳимов) ва Отелло”-и Шекспирро (с. 1963) таҳия кардааст. Муаллифи пьесаҳои «Таҳмоси хуҷандӣ” (бо ҳамқаламии С. Саидмуродов); “Роҳи бахт” (бо ҳамқаламии Ҷ. Икромӣ), “Ба доно – ишора, ба нодонкалтак” мебошад.<ref>Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 8. – Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 19 88, - с. 315.</ref>
==Мукофоту ҷоиза==
* Аъзои ИН СССР (1944) ва ИК СССР (1961).
* Депутати Совети Олии РСС Тоҷ. (1950).
* Бо ду ордени байрақи Сурхи Меҳнат,
* медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.
<ref>Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 8. – Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 19 88, - с. 315.</ref>
== Машобеъ ==
<references />
== Адабиёт ==
* Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
Line 20 ⟶ 67:
{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:Санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:ФарҳангиҲунарпешаи Тоҷикистонтеатр]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Ҳунарпешаи халқии СССР]]