Малика Собирова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
х Илова
Сатри 9:
}}
 
'''Малика Собирова Абдураҳмоновна''' – (22.05. [[май]]и соли [[1942]] - 27.02. [[феврал]]и [[1982]]), артисти балет, раққоса. [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]]. [[Ҳунарпешаи халқии СССР]] (1974).<ref>[http://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A1%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D1%80%D0%BE%D0%B2%D0%B0,_%D0%9C%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D0%BA%D0%B0_%D0%90%D0%B1%D0%B4%D1%83%D1%80%D0%B0%D1%85%D0%B8%D0%BC%D0%BE%D0%B2%D0%BD%D0%B0 Собирова Малика Абдураҳмоновна]</ref>
==Зиндагинома==
Малика Абдураҳмоновна Собирова 22. 5. 1942 дар Душанбе ба дунё омадааст. Аз оилаи навсозанда. С-ҳои 1953-1961 дар Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи ш. Ленинград таҳсил кардааст. С. 1961 ва аз с. 1963 то охири умр солисткаи Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд. С. 1962-1963 дар саҳнаи Театри калони СССР ш. Москва таҳти роҳбарии Г. Уланова кор карда, санъати худро такмил дод. Собирова намояндаи барҷастаи мактаби русии рақси (балети) классикист. Ба санъати ӯ техникаи олӣ, фасоҳат ва дарки амиқи олами ботинии образҳои саҳнавӣ хос буд.
==Образҳои саҳнавӣ==
Образҳои эҷодкардаи Собирова мукаммал ва серпаҳлӯ буданд. Одеттаи фидокор ва азиятдида, Одиллияи маккор ва дилфиреб, Лизаи ишвагар ва бепарво. Собирова дар балетҳои миллӣ як қатор образҳои дурахшон офарида, барои кушодани характери қаҳрамонон аз техникаи рақси классикӣ ва обуранги рақси милли тоҷикӣ истифода мебурд. Собирова унсурҳои рақси классикӣ ва миллии тоҷикро моҳирона ба ҳам мепайваст. Ба туфайли истеъдоди барҷастаи ҳунарпешагӣ ва техникаи моҳиронааш ба Собирова. муяссар шуд, ки дар балетҳои романтикӣ (“Жизель”, “Шурале”, “Ромео ва Ҷульетта”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Темурмалик” ва ғ.) партияхои асосиро бо маҳорати комил бозад. Партияҳои драмматикӣ ва лирикиро низ бомувафақият иҷро мекард.
 
Образҳои хореографие, ки Собирова эҷод кардааст, хеле мукаммал ва аз ҷиҳати психологӣ амиқ буданд. Дар образҳои қаҳрамонию романтикии Жизель (“Жизель”), Заррина (Қиссаи кӯҳсор”), Саодат (“Писари Ватан”) ва ғ. Собирова тантанаи корнамоӣ ва фидокориро таҷассум кардааст. Фаъолияти консертии Собирова махсусан аз с. 1964 ривоҷ ёфт.
Собирова партияҳои зеринро иҷро кардааст: Одетта (“Кӯли қувон”-и П. Чайковский, 1962), Жизель (“Жизель”)-и А. Адан, 1963), Сарри (“Бо роҳи раъди ғуррон”-и А. Қароев, 1964), Заррина, Саодат (“Қиссаи кӯҳсор”, 1965 ва “Писари Ватан”-и Ю. Тер-Осипов, 1966), Китри (“Дон-Кихот”-и Л. Минкус, 1968), Ҷульетта”-и С. Прокофьев, 1969), (“Лайлӣ ва Маҷнун”-и С. Баласанян, 1970), Заррина (“Темурмалик”-и М. Ашрафӣ, 1972), Золушка (“Золушка”-и С. Прокофьев, 1973), Никия (“Баядерка”-и Минкус, 1974) ва ғ.
 
Собирова инчунин дар якчанд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ иштирок кардааст: “1002 шаб” (1966), “Малика” (1967), “Адажио” (1971), “Қиссаи шарқӣ” (1972).
==Мукофоту ҷоиза==
Собирова Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Даъвати 8 (1971). Лаурети конкурси байналхалқии балети классикӣ дар Варна (1964) ва конкурси байналхалқии артистони балет дар Москва (1969). Лаурети Мукофоти давлатии РСС Тоҷ. ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (1967). Лаурети Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ, лаурети Мукофоти комсомоли ленинии РСС Тоҷикистон (1967). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, “Нишони Фахрӣ” ва медалҳо мукофотонида шудааст.<ref>Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 6. – Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 1985. - с. 82.</ref>
 
== Манобеъ ==
<references />
== Пайвандҳои беруна ==
<references/>
Line 16 ⟶ 29:
== Адабиёт ==
* Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
 
 
 
{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Ҳунарпешаи халқии СССР]]
[[Гурӯҳ:Раққосаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]]
 
 
 
 
[[ru: Малика Собирова]]