Ҳадиса Қурбонова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ҳадиса Қурбонова
 
х таҳрир
Сатри 4:
|Акс=Noimage.svg
|Зодрӯз=[[17 феврал]]и соли [[1940]]
|Зодгоҳ= деҳаи Шураки [[ноҳияи Сарихосор]]
|Пеша= [[шоир]]а ва, [[нависанда]], драматург ва тарҷумон
}}
'''Ҳадиса Қурбонова''' - [[шоир]]а ва [[нависанда]], узви Иттифоқи рӯзноманигорон (1969) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978) мебошад.
==Зиндагинома==
Ҳадиса Қурбонова [[17 феврал]]и соли [[1940]] дар деҳаи Шураки ноҳияи Сарихосор дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст.
қисмат Ҳадисаро, ки аз падару модар ятим монда буд ба хонаи ятимони Сарихосор меорад. Ёдҳо, орзуҳо, ормонҳо ва билохира дилбастагӣ ба адабиёт Ҳадисаро соли 1958 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оварду соли 1963 онро бо сари баланд ба итмом расонид.
Дар нашриёти «Ирфон» дар шӯъбаи адабиёти бачаҳо ба кор шурӯъ намуда, масъулияти баланд ва чашмикордонӣ ин бонуи ҳунарро зина ба зина боло мебарад. Аз соли 1967 то соли 1969 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», аз соли 1969 то 1973 дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ва аз соли 1973 то соли 1988 дар нашриёти «Адиб» фаъолияти босамар дошт.