Забоншиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
х Вироиши 90.35.170.112 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Dexbot анҷом дода буд
Сатри 1:
<!-- {{Забоншиносӣ}}
'''Забоншиносӣ''' (аз {{забон-код|fa|زبانشناسی}}) ё '''Лингвистика''' (аз {{забон-код|la|Linguistica}}), илм дар бораи забони инсон буда, қонуни мавҷудият ва инкишофи таърихии онро меомӯзад. Забоншиносии ҳозира серсоҳа ва бо дигар соҳаҳои улуми гуманитарӣ алоқаманд аст. Забоншиносии умумӣ умдатарин қонуниятҳои инкишоф ва мавҷудияти забонҳоро тахқиқ мекунад.Забоншиносии хусусӣ бошад забонҳои алохида ё гурӯҳи забонҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Забоншиносӣ аз рӯи усули тадқиқ,ба муқоисавӣ-таърихӣ, [[типологӣ]], структурӣ, [[Забоншиносии математикӣ]], [[Забоншиносии психологӣ]] тақсим мешавад. Лекнн аз рӯи хулосаҳое, ки дар натиҷаи таҳқиҷ ба даст омадааст, аз хусуси Забоншиносии назариявӣ ва амалӣ метавон сухан ронд; ба таърихи ва тасвири ҷудо кардани забоншиносӣ вобаста аст ба материале, ки тасдиқ, карда мешавад. Ба омӯзиши шеваҳои маҳаллӣ шевашиносӣ машғул аст. Услубшиносӣ, [[сотсиолингвисти­ка]], таърихи забони адабӣ низ аз соҳаҳои мустақили забоншиносии имрӯзаанд. Забоншиносӣ соҳаҳоеро низ дарбар мегирад, ки ҷиҳатҳои гуногуни забонро таҳқиқ мекунанд: [[фонетика]] ва [[фонология]] — системаи овозҳоро, [[грамматика]] ([[мор­фология]] ва [[синтаксис]]) —сохти ка­лима ва ҷумларо, [[лексикология]] ва [[лексикография]] — таркиби луғавиро, [[фразеология]] —ибораву калимаҳои рехтаро, [[этимология]] — баромад ва инкишофи калимаҳоро, [[ономастика]] ([[антропонимика]] ва [[топонимика]]) — исмҳои хосро, [[палеография]] — таъри­хи хатро ва ғайра. Забоншиносӣ бо [[семиотика]] — илм дар бораи системаи аломатҳо, ки за­бон ҳам ба он дохил аст, инчунин бо [[адабиётшиносӣ]], [[психология]], [[таърих]]
, [[мантиқ]], [[фалсафа]], [[география]] алоқаманд буда, аз комёбиҳои [[математи­ка]], [[кибернетика]], [[физика]] ва дигар соҳаҳои илм баҳра мегирад.