Ҳадиса Қурбонова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х илова
Сатри 10:
==Зиндагинома==
Ҳадиса Қурбонова [[17 феврал]]и соли [[1940]] дар деҳаи Шураки Сарихосор дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст.
қисматҚисмат Ҳадисаро, ки аз падару модар ятим монда буд ба хонаи ятимони Сарихосор меорад. Ёдҳо, орзуҳо, ормонҳо ва билохира дилбастагӣ ба адабиёт Ҳадисаро соли 1958 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оварду соли 1963 онро бо сари баланд ба итмом расонид.
Дар нашриёти «Ирфон» дар шӯъбаи адабиёти бачаҳо ба кор шурӯъ намуда, масъулияти баланд ва чашмикордонӣ ин бонуи ҳунарро зина ба зина боло мебарад. Аз соли 1967 то соли 1969 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», аз соли 1969 то 1973 дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ва аз соли 1973 то соли 1988 дар нашриёти «Адиб» фаъолияти босамар дошт.
Сатри 16:
Меҳру муҳаббати шеър гуфтан дар ниҳоди Ҳадиса Қурбонова ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ва донишҷӯӣи пайдо гашта, рӯз то рӯз такмил меёфт. Аз азму талошҳои пайгиронаи ӯ китобҳои «Паймон», «Шукрона», «Нури Октябр», «Сомон», «Даргоҳи Офтоб», «Дунёи ҷавонӣ», «Эҳсон», «Арғувон», «Хатлон», «Соҳати дил», «Теғи одамкуш» ва очеркҳо: «Аз нимароҳ то шоҳроҳ», «Боғҳои шаҳдрез» рӯйи чоп омаданд, ки саршор аз меҳри модар, муҳаббати Тоҷикистони азиз, тараннуми табиати ҳамешабаҳори кишваранд.
Дар драматургия ва тарҷума низ маҳорати махсусро соҳиб мебошад.
Китоби «Соҳати дил» - и Ҳадиса Қурбонова ситоиши ватану ватандорӣ, шӯру шавқи дидору дарду фироқ, васфи сулҳу дӯстӣ ва мавзӯи ҷовидонаи ишқро дарбар гирифта, хонандаро ба роҳи рост, ба садоқату вафодорӣ ва одамгарӣ раҳнамун мекунад. Ҳамчунин ҳаёти бачаҳои ятим, шароити зисту таҳсили онҳоро дар хонаи бачаҳо шоира хеле нозук ба риштаи тасвир кашидаанд. Ҳадиса Қурбонова яке аз адибони маҳбуби хонандагони навраси [[Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар]] мебошад.
'''Бигӯ, ки модарамро дидаӣ ту?'''