Ҳаловард: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х тахрир
Сатри 1:
'''Ҳаловард''' ({{lang-fa|هلاورد}}) номи пешина ва бостонии шаҳраки [[Ҷалолиддин Румӣ (ноҳия)|Колхозобод]] будааст.
 
[[Ҳаловард]] дар замони [[Сомониён]] яке аз ду шаҳри калони [[Вахшонзамин]] буда ва арку шаҳристону рабаз дошт ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бино бар навиштаи [[Ҳудуд-ул Олам«|'''''Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб'''''»]], «'''Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ'''»<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119</ref>. Шаҳри Ҳаловардро [[Истахрӣ]] дар «''Масолик вал-мамолик''», [[Муқаддасӣ]] дар «''Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим''», [[ибни Ҳавқал]] дар «''Сурат ул-арз''», [[Ёқути Ҳамавӣ]] дар «''Мӯъҷам ул-булдон''» ва [[Абурайҳон Берунӣ]] низ дар осораш ёд кардаанд.
 
Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри '''Ҳаловард''' дар замони [[Кушониён]] падид омада<ref>Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с., саҳ. 156</ref> ва дар садаҳои миёна маркази [[Вахшонзамин]] будааст. Ин шаҳр дар соли 750 милодӣ ба дасти [[арабҳо]] вайрон шуда<ref>''Соловьев В. С.'' Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20. — Душанбе, 1987. — с. 172—178. саҳ. 178</ref> ва бостоншиносон харобаҳои онро дар канораи ғарбии шаҳраки [[Колхозобод]] ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад ва имрӯз онро [[Кофирқалъа]] мехонанд<ref>''Соловьев В. С.'' Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20.—Душанбе, 1987. — с. 172—178. саҳ. 167</ref>.