Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
MerlIwBot (баҳс | ҳисса)
х робот дигаргуни карда истодааст: eo,de,pl,be,fr (strongly connected to tg:Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
х тахрир
Сатри 6:
Дар моддаи 48 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст, ки Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебощад.
 
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - [[Маҷлиси миллӣ]] ва [[Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон|Маҷлиси намояндагон]] иборат аст (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тагйироту иловаҳои раъйпурсии уммумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон [[5 сол]] аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
 
Дар моддаи 49 тартиби ташаккули Маҷлиси Олӣ нишон дода шудааст. [[Маҷлиси намояндагон]] тариқи интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва овоздиҳии пинҳони сурат мегирад ва доимоамалкунандаву касбӣ мебошад (умуман - [[63 вакили [[Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон|Маҷлиси намояндагон]]). Шаҳрванде, ки сини ӯ аз 25 боло аст ва дорои таҳсилоти олӣ мебошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.
 
Аз чор се ҳиссаи аъзоёни [[Маҷлиси миллӣ]] ба таври ғайримустақим аз ВМКБадахшон ва вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ноҳияҳои тобеи Ҷумҳури бо овоздиҳии пинҳони интихоб шаванд (ҷамъ - 25 вакил). Аз чор як ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллиро (8 вакил, умумун - [[33 вакили Маҷлиси миллӣ]]) [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] таъин мекунад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад. Шаҳрванде, ки сини ӯ аз 35 боло аст ва дорои таҳсилоти олӣ мебошад, метавонад вакили Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин шавад. <ref>http://parlament.tj/</ref><references/>
 
== Пайвандҳои беруна ==