Фарқият байни намунаҳои "Аскаралӣ Раҷабзода"

х
тахрир
х (тахрир)
х (тахрир)
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Аскаралӣ Раҷаб¬зодаРаҷабзода
|Номи аслӣ= Аскаралӣ Раҷаб¬зодаРаҷабзода ( Раҷаб¬овРаҷабов)
|Акс= noimage.gif
|Зодрӯз= [[16 июн]]и соли [[1944]]
|Зодгоҳ= ноҳияи Сариосиё,[[Ӯзбакистон]]
'''Аскаралӣ Раҷабзода''' - ([[16 июн]]и соли [[1944]]) муаррихи фарҳанги мусиқӣ, доктори илми таърих (1994), профессор (1999), Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1991), дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ба номи Борбад (1992), узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1991), узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993).
==Зиндагинома==
Аскаралӣ Раҷабзода [[16 июнииюн]]и соли [[1944]] дар ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Узбекис¬тонУзбекистон таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1969) аст. Солҳои 1969 - 1972 корманди Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), аз соли 1972 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Донишӣ [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] фаъолият дорад, зинаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходимро тай кардааст, аз соли 1999 мудири шӯъбаи таърихи маданияти он мебошад.
==Фаъолияти илмӣ==
Профессор Аскаралӣ Раҷабзода аз муҳаққиқони сермаҳсули таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Хидматаш бахусус дар таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс - тоҷик [[Борбад]] хеле калон аст. Мавсуф ташкил¬кунанда ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад. Ба қаламаш зиёда аз 15 китобу рисола, қариб 550 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мутааллиқанд. Вай мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмӯъаи илмӣ, аз ҷумла «Донишномаи Шашмақом»,(2009), «Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик» (ба забони русӣ, дар чор ҷилд, солҳои 2007 - 2010) ва ғайра аст. Тақиқоти илмии ин донишманди пуркори тоҷик дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба табъ расида, мавсуф дар чандин симпозиму конфаронси минтақавию байналмилалии мусиқашиносон бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карда, мусиқии миллаташро муаррифӣ кардааст.
 
Ӯ аз соли 1991 раиси Маркази илмии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ (Борбад),узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1991), узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993) мебошад.Раҷабов А. ташаббускор ва созмондиҳандаи чандин форумҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Аз ҷумла, 1400-солагии Борбад (1990), 1000-солагии эҷоди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 545-солагии К.Беҳзод ва 2700-солагии Авесто (2002), 3000-солагии тамаддуни зардуштӣ ва ориёӣ (2003, 2006). Дар соҳаи фарҳанги мусиқии касбӣ майлу рағбатҳои илмии А.Раҷабов ба таҳқиқи масъалаҳои таърихи қадим, асрҳои миёна, инчунин таърихи даврони нав алоқаманданд. Раҷабов А. дар омӯзиши масъалаҳои фарҳанги мусиқии даврони Сосониён (224-651), Сомониён (819-1005), рушди мусиқии тоҷик дар асрҳои ХIV-ХVIII саҳми бузурги илмӣ гузоштааст.
* Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таъриҳии он дар садаҳои XVI – XVII [Матн]. - Душанбе, 2007. - 220 с.
* Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ [Матн].- Душанбе, 2007. - 218 с.
* Борбад [Текст]: Эпоха, традиции и новаторство[Текст]. - Душанбе, 2008. - 230 с.
* Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар асрҳои IV - VI. - Душанбе, 2011. – 255 с.
* Борбад и Рудаки [Текст]: Премественность и общность традиции[Текст].- Душанбе, 2013. - 220 с.
 
== Манобеъ ==
<references />
* Раҷабов Аскаралӣ // Энсклопедияи[[Энсиклопедияи ададбиётадабиёт ва санъати тоҷик]] [Матн]. - Душанбе, 2004. - Ҷ.3. - С. 49.
* Раҷабов Аскаралӣ //Донишномаи Шашмақом [Матн]. - Ду¬шан¬-беДушанбе, 2009. - С.278.
* Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.
== Нигаред==