Филармонияи давлатии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: пайванд
Сатри 2:
 
== Таърих ==
Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар асоси Қарори ШКХ [[Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон|ҶШС Тоҷикистон]] моҳи декабри соли [[1936]] таъсис ёфтааст. Ба ҳайати эҷодии ФДТФилармонияи давлатии Тоҷикистон бисёр ҳунармандон аз Театри мусиқии тоҷик, коллективҳои касбию ҳаваскорон, инчунин ҳофизони машҳури халқии ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд. Беҳтарин ҳофизону навозандагон, аз ҷумла навозанда М.Мавлонов, ҳофизи халқӣ [[Шариф Ҷӯраев]], С.Тӯхтаев ва дигарон дар ташаккул ва таҷаддуди анъанаҳои мусиқии классикию халқӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Сарварии ҳофизони кӯҳистониро [[Шариф Ҷӯраев]](Ҳофизи халқии [[Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон|ҶШС Тоҷикистон]]) ба ӯҳда дошт, ки ба ин даста [[Пир Садиров |Пирӣ Садир]], С. Бобиев, Б. Шарифов, Х. Шаболова, Г. Ҳасанова, А. Ёров ва дигарон дохил мешуданд. Дар ҳайати ФДТФилармонияи давлатии Тоҷикистон Ансамбли тарона ва рақс, Ансамбли рубобчизанон (роҳбар [[Шариф Бобокалонов]]), дертар Ансамбли суруд ва рақсии «Помир» таъсис ёфт.
Солҳои минбаъда дар ин даргоҳи санъати тоҷик [[Ҷӯрабек Муродов]], [[Малика Қаландарова]], [[Нигина Рауфова]], [[Зафар Нозим]], [[Шоиста Мулоҷонова]], [[Мастона Эргашева]], [[Тоҷиддин Муҳиддинов]] [[Самариддин Саъдиев]], [[Мирбобо Зиёев]] ва дигарон ҳунарнамои кардаанд.
 
== Сафарҳои ҳунарӣ ==