Авесто: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
Сатри 16:
Нусхаи кадимтарини тахрири дуввуми Авесто, ки соли 1278 рунавис шуда, то замони мо боки мондааст, чоряки тахрири сосонии онро фаро гирифта, тамоми илми авестошиноси ва дониши инсоният дар хусуси ин ойин дар пояи хамин тахрири Авесто карор гирифтааст. Ин тахрир ба панч бахши мустакил чудо шуда, такрибан ховии 83 хазор калима аст. Ин бахшхо чунин ном доранд:
 
#Ясно ([[Йасна]])
 
#Яштҳо ([[Йаштҳо]])
 
#Вандидод
 
#[[Виспарад]]
 
#Хурдак-Авесто. ([[Хурда-Авесто]])
 
=== Ясно ===
Сатри 50:
Авасто боқимондаи сурудҳо, достонҳо, ривоятҳо ва гуфтаҳои бузургони гузаштаи мо мебошад, ки таърихи бисёрхазорсолаи ориёиҳоро таҷассум менамояд. Авасто маҷмуаи маълумотҳои дини, фолклори, ҷугрофи, астраноми, биологи, ботаники, табиатшиноси, тибби, фалсафи, адаби, шеъри ва таърихист. Маънои калимаи Авасто чандон равшан нест. Дар адабиёти таърихи номи китоб Авасто, Асто, Усто, Апастак, Вистак ва ғайра навишта шуда ва авастошиносон онро китоб, илм, дониш маъни карданд. Авасто барои мо, тоҷикону эрониён, мукаддас аст, на барои он ки китоби динист, балки барои он ки осори қадимтарини хаттии гузаштагони мо ба ҳисоб меравад.Агар муаллифи наски (китоби) аввали он Зардушт бошад, пас муаллифони китобҳои боқимонда дигар бузургони мо буданд.
== Таърихи Авесто ==
Ҳеч миллате дар ҷаҳон чунин асари гаронбаҳои таърихи надорад. Матни пурраи Авасторо дар замони забткориҳои Искандари Макдуни сухтанд. Мувофики ахбори таърихи ''Авасто дар ду нусха дар 12 ҳазор пусти гов бо оби тилло навишта шуда буд'' ва яке дар хазинаи шоҳи дар Персеполис ва дигаре дар маъбад нигоҳ дошта мешуд. Макдуниҳо касри шоҳро горат карда, баъд оташ заданд ва Авасто ҳамроҳи дигар китобҳои хазина сухт. Нусхаи дуюмро ба Юнон бурданд ва онҷо нобуд гашт. Мувофики гуфтаи муаррихи юнони Плини, Авастои Зардушт ''китоби бузургтарин дар ҷаҳон ва аз 2 миллион байт иборат буд''. Тахмин меравад, ки Плини ин маълумотро аз ҳамон нусхаи ба Юнон бурда гирифтааст. Баъди юнониҳоро аз Ориёшаҳр рондан Портҳо ба гирд овардани Авасто пардохтанд ва ин кор ба анчом расида буд ё не, мо намедонем. Ба ҳар ҳолл Авасто дар замони Сосониён аз нав мураттаб мешавад. Аммо ''ба Сосониён аз 1200 боб 347 бобро баркарор кардан муяссар гардид''. Азбаски Авасто бо лаҳҷаи мардуми Бохтар навишта шуда буд, барои фаҳмидани вай лугати тафсирие тартиб дода шуд, ки он [[Занди Авесто|«Занд»]] ном дошт. Дар замони Сосониён мубадон Авасторо мувофики шарҳи Занд"[[Занди Авесто]]" мефаҳмиданд. ''Тафсири паҳлавии Занд аз 2094200 вожа иборат буд.''
 
Авасторо дубора арабҳо сузониданд. Дар асрҳои VII-IX арабҳо тоҷиконро ба бефарҳанги таъна мезаданд ва ба иззати нафси онӽо мерасиданд. Дар мукобил гурури миллии онҳо бедор шуд ва номи миллати худро тоҷик-тоҷдор аз нажоди пок муаррифи сохтанд ва ба тарҷимаи осори хатти худ ба араби шуруъ намуданд. Дар замони халифа Маъмун, ки модараш аз точикони Балх буд мубоҳисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд,ки дар он мубади зардушти бо Номи Озарфаранбағ (Отурфарнбағ) ширкат дошт.Дар ин мубохиса Озарфаранбағ нисбат ба ҳамаи намояндагони динҳои дигар дастболо шуд ва халифа ба у иҷозат дод, ки дар бораи Авасто ва ойини [[Зардушт]] китобе мураттаб кунад. Озарфаранбағ ба навиштани китобе ба номи «[[Динкард (Китоб)|Динкард]]» Сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро уро диндорони исломи куштанд. Навиштани «[[Динкард (Китоб)|Динкард]]»-ро мубад Озарбод (Отурпати) давом дода, ба охир мерасонад «Динкард» мухтасаран дар бораи бахшҳои Авасто, аз ҷумлаи 21 китоби замони Сосониён маълумот медиҳад.<ref> Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998.Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.</ref>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Авесто"