Филармонияи давлатии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: илова
х илова
Сатри 2:
 
== Таърих ==
Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар асоси Қарори ШКХ [[Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон|ҶШС Тоҷикистон]] моҳи декабри соли [[1936]] таъсис ёфтааст. Ба ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон бисёр ҳунармандон аз Театри мусиқии тоҷик, коллективҳои касбию ҳаваскорон, инчунин ҳофизони машҳури халқии ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд. Беҳтарин ҳофизону навозандагон, аз ҷумла навозанда М.Мавлонов, [[Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон]] [[Шариф Ҷӯраев]], С.Тӯхтаев ва дигарон дар ташаккул ва таҷаддуди анъанаҳои мусиқии классикию халқӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Сарварии ҳофизони кӯҳистониро [[Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон]] [[Шариф Ҷӯраев]] ба ӯҳда дошт, ки ба ин даста [[Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон]] [[Пир Садиров |Пирӣ Садир]], С. Бобиев, Б. Шарифов, Х. Шаболова, Г. Ҳасанова, А. Ёров ва дигарон дохил мешуданд. Дар ҳайати Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ансамбли тарона ва рақс, Ансамблиоркестри миллии созҳои халқиро ташкил намуда, роҳбари бадеии он [[Александр Степанович Ленский|Ленский А.С.]] ва ансамбли рубобчизанон (роҳбар [[Шариф Бобокалонов]]), дертар Ансамбли суруд ва рақси «Помир» таъсис ёфт.
Солҳои минбаъда дар ин даргоҳи санъати тоҷик - [[Ҷӯрабек Муродов]], [[Малика Қаландарова]], [[Нигина Рауфова]], [[Зафар Нозим]], [[Шоиста Мулоҷонова]], [[Мастона Эргашева]], Тоҷиддин Муҳиддинов, [[Самариддин Саъдиев]], [[Мирбобо Зиёев]], Абдулло Назриев, Муродбек Насриддинов, Хосият Отиқова, [[Афзалшо Шодиев]], [[Ҳаётой Мӯъминова]] ва дигарон ҳунарнамои кардаанд.