Мактабҳои усули нав: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
Сатри 1:
==Мактабҳои усули нав ([[Мактабҳои усули ҷадид]])==
 
Дар охири асри XIX - аввали асри XX муносибати як гурўҳ зиёиёни пешқадам нисбат ба таълими мактабҳои усули кўҳна, тағйир ёфта буд. Ин гурўҳи зиёиён (ҷадидон ба монанди [[Беҳбудӣ Маҳмудхоҷа |Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ]], [[Абдуқодир Шакурӣ]], [[Садриддин Айнӣ]], [[Мунзим]], мулло Салоҳиддин, мулло Шамсиддин ва диг.) яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро дар мавҷудияти чунин усул дида, дар андешаи ислоҳи он буданд.
Замони нав (баъд аз тобеъ гардидани Осиёи Миёна ба империяи Русия – нимаи дуюми асри XIX) – замони инкишофи муносибатҳои молию пули дар иктисодиёти кишвар (генерал-губернатории Туркистон) зарурияти ислоҳоти мактабҳои усули кўҳнаи маърифати исломи ва таффакури мардуми маҳаллиро талаб мекард. Зарурияти бунёди '''мактабҳои усули нав''' ба миён омад. Зеро, дар мактабҳои усули нав ба талабагон дар баробари хондани “Қуръон” ва азхуд намудани асосҳои дини [[ислом]], инчунин, [[риёзиёт]], [[ҷуғрофия]], [[таърих]] ва фанҳои дигари дунявиро меомўхтанд. Омўхтани илмҳои дуняви диққати талабагонро бештар ба олами ҳасти ҷалб мекард, ки ин махсусан дар замони нав барои васеъ намудани дараҷаи дониш ва аз ҷиҳати маънави бедор намудани наврасон нақши мусбатро мебозид. Мухлати таҳсил дар аксари мактабҳои усули нав чорсола, дар баъзе шаҳрҳо, аз ҷумла дар Тошкент шашсола буд.
 
==Бунёди мактабҳои усули нав==