Профессор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
профессор
(бе тафовут)

Нусха 16:05, 20 ноябри 2014

Профеессор (лот. professorомӯзгор) — Унвони илмӣ ва вазифаи хизматии омӯзгорӣ дар муассисаи олии касбии таълимӣ ё, ки ходими илмӣ дар пажӯхишгоҳи (институти) илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Унвон бори аввал дар асри XVI дар донишгоҳи Оксфорд мавриди истифода қарор гирифтааст .[1]

*
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.
профессор Намоз Ҳотамов

Дар Тоҷикистон

Мувофики Санадҳои меъѐрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макотиби олӣ унвонҳои илмии профессор ва дотсент муқаррар карда мешавад. Унвони илмии профессор ба шахсе дода мешавад, ки маъмулан дараҷаи илмии доктори илм дошта, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ корҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ мебарад.

Донистаниҳои ҷолиб

Дар Испания (исп. Profesor), Португалия, Франсия (фр. Professeur) ва Америкаи Лотинӣ вожаи «профессор» - нисбати ҳамаи омӯзгорони мактаб, донишкада, мактаби техникӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, коллеҷу донишгоҳҳо истифода мебаранд. «Профессор» инчунин, номгузории омӯзгори мактаби ибтидоӣ ва миёна аст. Аммо, агар ӯ дар донишгоҳ дарс диҳад, омӯзгорро "профессори донишгоҳ" меноманд. Мудири кафедраро - "профессори кафедра". Дар Испания ва Португалия омӯзгорони донишгоҳро танҳо "профессор" ном мебаранд.[2]

Пайвандҳои беруна

Моддаи 27. Унвонҳои илмӣ

Манбаъ

Мактаби Олӣ (Қисми аввал). Санадҳои меъѐрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ / Моддаи 27. Унвонҳои илмӣ. - Душанбе, 2007.

  1. Профессор — Большой Энциклопедический словарь. 2000.
  2. Профессор — Википедиаи русӣ