Шариф Бобокалонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манбаъ: илова
х иловаи гурӯҳ
Сатри 4:
|Акс= noimage.gif
|Зодрӯз= [[1910]]
|Зодгоҳ=ш. ш. [[Самарқанд]]
|Даргузашт= [[1999]]
|Вазифа= оҳангсоз
Сатри 10:
 
'''Шариф Бобокалонов''' - (1910-1999) оҳангсози маъруфи тоҷик.
[[Арбоби ҳунари Тоҷикистон|Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон]]
==Зиндагинома==
Ш. Бобокалонов дар ш. [[Самарқанд]] таваллуд шудааст.
Ҳамчун навозанда Ш. Бобокалонов ибтидои солҳои 30-ум дар Институти мусиқӣ-этнографии Самарқанд таълим мекунад. Соли 1934 ба [[Тоҷикистон]], ба гурӯҳи мусиқии театри драмавӣ даъват мегардад. Ниҳоят, таҳсилоти касбиро дар шӯъба миллии Консерваторияи [[Москва]] (1946-1949) ба итмом мерасонад.
Соли 1939 вай яке аз созмондиҳандагони оркестри созҳои халқӣ, ки он минбаъд коллективи асосии мусиқии ҷумҳурӣ гардид, ба шумор меравад. Якчанд асарҳои ӯ дар ҳамин давра ба монанди «Марши зафар» то ҳанӯз дар репертуари оркестрҳо хеле маъмул аст. Ҳамзамон Ш.Бобокалонов дар ташкили ансамбли рубобчизанони [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев]] низ ширкат меварзад.
 
== Эҷодиёт==
Охири солҳои 30-юм ба тақдири эҷодии Ш. Бобокалонов, [[Сергей Баласанян|С.А. Баласанян]], [[Александр Степанович Ленский|А.С. Ленский]], С.Ю. Урбах, ки донишу таҷрибаи худро саховатмандона ба ӯ дода буданд, таъсири бузург расониданд.
Эҷоди суруди Ш. Бобокалонов «Конститутсияи мо» барои сарояндагон, хор ва оркестри созҳои халқӣ ба ҳамин давра мансуб аст, ки он бар матни муаллифон бо сарварии С.[[Садриддин Айнӣ]] навишта шуда, нидои композиторон ба эълони Конститутсияи СССР буд. Ин якумин асари хорӣ дар мусиқии муосири тоҷик аст. Дар ин асар муаллиф оҳангҳои халқиро бо мусиқии бисёровоза хеле хуб пайвастааст.
Хори «Конститутсияи мо» дар барномаи мусиқии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941) бомуваффақият иҷро карда шуд. Дар ҳамин Даҳа инчунин операи «Коваи оҳангар», ки С.А.Баласанян бо ҳамроҳии Ш.Бобокалонов ба либреттои А.[[Абулқосим Лоҳутӣ]] навишта буданд, иҷро гардид. Асоси мундариҷаи адабии операро яке аз беҳтарин достонҳои «Шоҳнома»-и шоири бузурги форсу тоҷик А.Фирдавсӣ ташкил медиҳад. Дар опера қаҳрамони шӯҳратманд Кова ҳамчун зидди зулму истибдод, ҳамчун ҳомии адолат ва гуманизм баромад намудааст. Дар санъати муосири тоҷик ин аввалин муроҷиат ба мероси Фирдавсии абадзинда буд, ки баъд аз он боз чандин асарҳои дигар дар театр ва кино бо савти «Шоҳнома» эҷод гардиданд. Ҳамкории эҷодии ҳар ду муаллиф барояшон хеле манфиатнок буд. С.А. Баласанян ба ҳамкасби худ қонунҳои шаклҳои мусиқӣ ва гармонияро ифшо намуд, Ш.Бобокалонов муаллифи як қатор номераҳои вокалӣ ва рақсии опера ба шумор меравад, ки онҳо ба моҳияти баланди бадеии опера мусоидат намуданд.
Соли 1940 Ш. Бобокалонов дар таъсисдиҳии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон иштирок мекунад. Аз рӯзи таъсисёбии ин ташкилот вай аъзои он буд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ истеъдоди сурудофарии ин композитор бараъло зоҳир мегардад, ки он дар ҳайати бригадаи консертӣ дар назди сарбозони шӯравӣ дар [[Эрон]], инчунин муҳофизони Ленинград (Санкт-Петербург) баромад мекунад. Сурудҳои даврони ҷангии ӯ «Ба ҷанг», «Шамшери бурро» ва дигарон хеле машҳур гардида буданд.
Минбаъд эҷодиёти композитор дар ҳамбастагии зич бо фаъолияти ансамбли тарона ва рақс ва ансамбли маъруфи рубобчизанон ҷараён мегирад. Тӯли солҳои зиёд вай роҳбари бадеии ансамбли мазкур буд. Ҳангоми таҷлили 100-солагии В.И.Ленин (1970) дар иҷрои бонувони рубобнавоз 2 хори Ш.Бобокалонов «Шараф ба партия» ба шеъри Х.Назирӣ ва «Баҳори Ватан» ба шеъри Ҳ.Қурбонова бо муваффақияти калон садо доданд.
Дар жанри мусиқии вокалӣ ӯ асарҳои зерини хотирмон ба монанди