Мактабҳои усули нав: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х таҳрир
Сатри 9:
Дар шароити кишвари Туркистон ташкили мактабҳои русии маҳалли кушодани мактабҳои усули навро тезонид. Зеро, ин воқеият зиёиёни пешқадами кишварро водор намуд, ки зудтар оид ба таќдири халќи худ чораҳои амалие андешанд. Бо дастгирии бойҳои маҳаллӣ, мулло Салоҳиддин, - с. 1898 дар Қўқанд, мулло Шамсиддин - с.1899 дар Андиҷон ва қори Манон - дар Тошкент мактабҳои усули нав, бо таълим ба забони ўзбекӣ ташкил ёфтанд.
 
Нахустин мактаби форсии тоҷикӣ бо ташаббуси маорифпарвари самарқандӣ - '''Абдуқодир Шакурӣ''' кущода шудааст. '''Мактаби аввалин с. [[1901]]''' дар гузари Хоҷазудмуроди шаҳри [[Самарқанд]] кушода шуд. Баъдтар, Абдуқодир Шакурӣ дар деҳаи Раҷабамини [[Самарқанд]] ва с.1903 дар гузари Қўшҳавз мактабҳои усули навро бунёд намудааст. [[Садриддин Айнӣ]] с. [[1908]] ҳангоми бори аввал ба [[Самарқанд]] сафар намуданаш, бо ҳамроҳии М.А. Мунзим маҳз бо фаъолияти ҳамин мактаб шинос шудааст. Аз ҳамон рўзи шиносои бо мактаби Абдуқодир Шакурӣ сар карда, мегўяд ў “фикри мактаб тамоми маѓзи моро ишѓол кард.”
А. Шакурӣ инчунин барои мактаб дастурҳои таълими - махсусан китобҳои дарсиро низ тартиб медод. Ба қалами ў аввалин китоби алифбои форсии-тоҷикии мактабҳои усули нав - “Роҳбари савод”, китобҳои қироати адаби - “Чомеъулҳикоёт”, “Зубдатулашъор” тааллуқ дорад.
Дар ин мактаб ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танҳо волидайни талабагон, балки дигар ҳавасмандон низ мушоҳида карда метавонистанд.
Сатри 15:
 
===Аморати Бухоро===
 
Аввалин кўшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар аморати Бухоро ба мулло Чўрабойи Пирмастӣ (с. 1900) мансуб аст. Вале мактаби ў ба ќадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рў, бо зуди баста шуд. Солҳои 1902-1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавӣ буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Тоторони Бухоро, ки раияи Русия ба ҳисоб мерафтанд ва аз дахолати ҳукуматдорони амир эмин буданд, бинобар ин дар аввал барои ташкили [[мактабҳои усули ҷадидия]] ягон монеъа намекарданд. Мактабҳои усули нави тоторӣ, ки дар онњо забони таълим низ тоторӣ буд, барои тањсили бухороиён-тоҷикон ва тоҷикзабонон душворӣ мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабҳои усули нав ба тариќи кофӣ баҳравар шуда наметавонистанд.
 
Line 22 ⟶ 21:
 
Ба ғайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси [[Мунзим]], махсус барои калонсолони бухорои, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ў ҷавонони 20-30 соларо ҷамъ намуда, ҳар рўз ду соат таълим медод.
Гарчанде дар фаъолияти мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале '''25 сентябри соли 1909''', бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тотори ҳам манъ намуданд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.</ref><ref> Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010</ref><references />
==Нигаред==
* [[Мунзим]]
* [[Садриддин Айнӣ]]
* [[Mактабҳои усули кӯҳна]]
==Манобеъ==
<references />
Сатри 32:
 
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Mактаб]]