Солеҳ Раҷабов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов
(бе тафовут)

Нусха 18:12, 12 Декабри 2014

Шаблон:Зиндагинома Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов - (1912-1990) Доктори илми ҳуқуқ (1949), профессор (1950). Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1957). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1967). Соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1970).

Зиндагинома

Институти созмони шӯравӣ ва ҳуқуқи Тошкентро хатм кардааст (1933)., ихтисос-«ҳуқуқ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи шӯравӣ.

  • Директори Институти ҳуқуқи Тошкент (1936-1940; 1943-1945; 1949-1954). Мудири кафедраи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Самарқанд, 1955-1956).
  • Ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1956-1971).
  • Муовини сармуҳуррири сарредаксияи илмии Энсиклопедияи шӯравии тоҷик (1973-1975). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1975-1987), мушовири Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон (1987-1990).

Мукофоту ҷоизаҳо

Бо панҷ ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС ӯзбекистон сарфароз гардидааст.

Манобеъ

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.

Нигаред