Сороҷон Юсуфова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сороҷон Юсуфова
(бе тафовут)

Нусха 17:14, 13 Декабри 2014

Шаблон:Зиндагинома Сороҷон Михайловна Юсуфова (1910-1966)- Доктори илмҳои геология ва минералогия (1948), профессор (1950). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951). Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶШС Тоҷикистон (1960).

Зиндагинома

Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистонро хатм кардааст (1935)., ихтисос – «геология»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: минералогия ва геохимияи ташкилаҳои таҳнишастӣ, таҳқиқи хусусиятҳои минералогиву геохимиявии таҳнишастаҳои мезокайназойи депрессияи Тоҷикистон. Мудири озмоишгоҳи рентгеноминералогии Институти геологияи Бахши ӯзбекистонии АИ ИҶШС (1940-1943). Мудири бахши геологияи ангишт ва нафти (1946-1952), мудири шӯъбаи геологияи умумии Институти геологияи Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1949-1952), мудири кафедраи геологияи ДДТ ба номи В.И.Ленин (1949-1955), мудири озмоишгоҳи усулҳои таҳлили физикаву химиявии Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1959).

Мукофот

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» тақдир шудааст..[1]

Манбаъ

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с

Пайвандҳои беруна