Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х The file Image:Noimage.gif has been replaced by Image:Noimage.svg by administrator commons:User:Denniss: '' ''. ''Translate me!''
х иловаи гурӯҳ
Сатри 8:
|Вазифа=[[шоир]] ва [[нависанда]]
}}
'''Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ''' (тав. [[7 январ]] [[1924]] [[деҳаи Лангарибобо]]и [[ноҳияи Конибодом]], [[шоир]] ва [[нависанда]]и тоҷик, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Фадеев. Шоири халкиихалқии Точикистон ([[1997]]). Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.
==Зиндагинома==
Пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогӣ муддате омӯзгор буд. Соли 1942 ба ҳимояи Ватан рафта, дар муҳорибаҳои шадиди назди шаҳри Орлов ва дар озодкунии шаҳри Витебск мардонавор ҷангид. Соли 1944 бо бардошти ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш баргашта, чун котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Баъдтар дар рӯзномаи "Тоҷикистон советӣ" чун мудири шӯъба ва муҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Машъал" хизмат кардааст. Соли 1958 факултаи рӯзноманигории мактаби олии ҳизбиро хатм намуд ва дар мақомоти давлатӣ, директори нашриёти "Ирфон", ҷонишини якуми раиси ҷамъияти китобдӯстони ҷумҳурӣ кор кард. Қаҳҳорӣ аз соли 1940 ба майдони адабиёт ворид шуда, пиесаи нахустинаш "Қаҳрамони ҷавон" соли 1942 эҷод шудааст. Қаҳҳорӣ шоири ҷанговар буда, навиштаҳояш ғояҳои ватандӯстӣ, озодихоҳӣ ва ишқу муҳаббатро тараннум мекунанд. Муаллифи китобҳои "Оҳангҳои дӯстӣ", "Гуфтугӯй бо меҳмон", "Гули баҳор", "Шаби пеш аз марг", "Шукуфаҳои аз хун дамида", "Машъалафрӯз", "Минбари шоир", "Ашки ширин", "Шоҳиди зинда" ва ғайраҳо мебошад. Китобҳои ашъораш ба русӣ, узбекӣ, озарӣ, ќирѓизӣ ва дигар забонҳо нашр шуда, шеърҳои ҷудогонааш дар бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла Фаронса, Олмон, Чехия, Лаҳистон, Булѓористон, Украинаю Беларус ба табъ расидаанд.Асарҳои драмавии Қаҳҳорӣ дар театрҳои ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
==Мукофот==
Қаҳҳорӣ Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи I), Байрақи Сурхи Меҳнат, Нишони фахрӣ ва медалу ифтихорномаҳо буда, аз соли 1947 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Қаҳҳорӣ Шоири Халқии Тоҷикистон ва дорандаи ҷоизаи ба номи А.Фадеев мебошад.
 
Намунаи==Аз ашъори шоир:==
 
'''ХАНДА'''
Line 54 ⟶ 58:
Ханда гул гашт, пурлатофат шуд.
 
==Намунаи осор==
{{bio-stub}}
* Асарҳои мунтахаб [Матн]. - Душанбе, 2007.- Ҷ.1. Назм. - 296 с.
* Асарҳои мунтахаб [Матн]. - Душанбе, 2007. - Ҷ.2. Наср. - 305 с.
* Асарҳои мунтахаб [Матн]. - Душанбе, 2007. - Ҷ.3. Драмаҳо. -312 с.
* Суруди бахт [Матн]: Маҷмўаи шеръҳо. - Сталинобод,1948. -56 с.
* Гули баҳор [Матн]: Шеърҳо. - Сталинобод, 1960. - 126 с.
* Песни радости [Матн]: Стихи. - Душанбе, 1961. - 106 с.
* Шаби пеш аз марг [Матн]: Достон. - Душанбе, 1964. - 39 с.
* Оҳангҳои дўстӣ [Матн]: Шеърҳо. - Душанбе, 1965. - 137 с.
* Шукуфаҳои аз хун дамида [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. - Душанбе,1968. - 207 с.
* Илҳом [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. - Душанбе, 1972. - 46 с.
* Аз паси ситораи паррон [Матн]: Хотираҳои ҷангӣ. - Душанбе,1973. - 64 с.
* Дилҳои пурошўб [Матн]: Маҷмўа. - Душанбе, 1974. – 159 с.
* Рангинкамон [Матн]: Шеърҳо ва драмаҳо. - Душанбе, 1974. -
* 336 с.
* Таркиш [Матн]: Песаҳо. - Душанбе, 1981. - 192 с.
* Гардиши айём [Матн]: Намунаҳо аз асарҳои насрӣ. - Душанбе,1982. - 96 с.
* Гули шом [Матн]: Маҷмўа. - Душанбе, 1984. - 336 с.
* Шоҳиди зинда [Матн]: Достонҳо. - Душанбе, 1985. - 48 с.
* Машъалафрўз [Матн]: Шеъру достонҳо. - Душанбе, 1987. - 176 с.
* Қиссаи нави Юсуф ва Зулайхо [Матн]: Шеърҳо ва очеркҳо. - Душанбе, 1988. – 240 с.
* В смерте рожденная любовь [Матн]: Стихи. - Душанбе, 1989. -109с.
* Колибель [Матн]: Стихи. - Душанбе, 1990. - 89 с.
* Умри ғанимат [Матн]: Хотираҳо. - Душанбе, 2000. - 128 с.
* Аҷаб дунёе… [Матн]: Романи ёддоштӣ. - Душанбе, 2003. - 128 с.
* Солнце в чемодане [Матн]: Стихи. - Москва, 1986. - 132 с.
* Гулгашти назм [Матн]: Маҷмўа. - Душанбе, 2006. - 255 с.
==Адабиёт доир ба Абдуҷҷабор Қаҳҳорӣ==
* Абдуҷҷабор Қаҳҳорӣ [Матн]: Нишондиҳандаи адабиёт. - Душанбе, 1984. - 36 с.
* Амонов, Р. Тантанаи ҳаёт бар марг [Матн]: Дар бораи достони «Шаби пеш аз марг» // Комсомоли Тоҷикситон.- 1965.- 3 ноябр.
* Бобоҷон, А. Ҷўяндаи фикрҳои бикр [Матн]: Дар бораи ҳаёти давраи ҷангии шоир ва мавзўи ватандўстию қаҳрамонӣ дар эҷодиёти ў // Комсомоли Тоҷикистон.- 1966.- 26 октябр.
* Наҷмиддинов, М. Соҳиби ду маҳорат [Матн] // Маориф ва маданият.- 1966.- 24 сентябр.
* Худойдодов, Б. Шоистаи мукофот [Матн] // Маориф ва маданият.- 1965.- 5 октябр.
* Турсунзода, М. Молодость тысячилетней литературы [Текст]:Творчества А.Каххори // Литературная газета.- 1964.- 28 ноября.
* Бобоҷон, А. Қаҳҳорӣ Абдуҷаббор [Матн] // Энсиклопедияи Советии Тоҷик.- Душанбе,1988.- С.297. Қаҳҳорӣ Абдуҷаббор //Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. - Душанбе: Адиб, 2003. - С.238.
* Ҷонон Икромӣ. Адиби ҷанговар ва инсони наҷиб [Матн] //Истиқбол. - 2010. - №3. - С.75 – 86<ref>[ftp://91.218.161.60/kitobho/Takvim_2014.pdf Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2014) - Душанбе: Бухоро, 2012.- 95 с.]</ref>
== Манбаъ ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дромнависони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Конибодом таваллудшудагон|*]]