Садриддин Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х тахрир
хNo edit summary
Сатри 33:
2.Таълифи китобҳои дарсӣ.
 
Соли 1906 дар [[Бухоро]] Абдураҳмон Саъидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саъидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте, ки [[8 ноябр]]и соли [[1908]] дар ҳавлии Мирзо Абдувоҳиди [[Мунзим]] аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам васеъ мешавад. Дар мактаби М.А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо маќсадимақсади бартараф намудани ин норасоӣ, с. 1909 бо ташаббуси ҳарду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарси “Таҳзибуссибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр карда шуд.
Лозим ба ёдоварист [[мактабҳои усули нав]] аз макотиби маъмули амирӣ куллан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари «Мактаби кӯҳна» тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Толибони хурдсол мактаби кӯҳна танҳо кур – курона хондану аз ёд кардани [[Қуръон]] ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанд.
Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд. Дар ҳама жо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таьдид менамуданд, балои охири замон мехонданд.