Фахруддини Гургонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
хNo edit summary
Сатри 12:
 
==Тарҷумаи ҳол==
Фахриддин Асъади Гургонӣ шоири достонсарои асри XI тоҷику форс буда, ҷараёни зиндагии ӯ ба аҳди ҳукмронии асосгузори сулолаи Салҷуқиён ТуѓралбекТуғралбек (1040 – 1063) рост меояд. Дар бораи ҳаёти ӯ маълумоти дигаре боқӣ намондааст. Аз мутолиаи достони «Вис ва Ромин» ва қитъае, ки муаллифи «Лубобулалбоб» меоварад, маълум мешавад, ки Фаҳриддини Гургонӣ илмҳои замони худро ба хубӣ аз бар намуда, дар намудҳои гуногуни шеър қувваозмоӣ карда будааст. Аммо аз мероси адабии ӯ фақат достони «Вис ва Ромин» пурра то замони мо омада расидааст.
Соли таълифи достони «Вис ва Ромин» маълум нест. Вале дар бораи муайян намудани ин масъала баъзе фикру ақидаҳо баён шудаанд. Тамоми фикрҳои баёншуда дар асоси санаи таърихии аз тарафи султон ТуѓралбекТуғралбек забт карда шудани Исфаҳон (1042) ба вуҷуд омадаанд. Бинобар ин аксари тадқиқоткунандагон дар ҳудуди солҳои (1042-1063) навишта шудани «Вис ва Ромин»-ро қайд мекунанд. Баъдтар хоҳем дид, ки Фахриддини Гургонӣ батафсил дар бораи фатҳ карда шудани Исфаҳон ва пас аз ду моҳ баромада ба ҷониби Кӯҳистону Ҳамадон рафтани ТуѓралбекТуғралбек таваққуф карда, илова бар ин, бо коре маҳз дар зимистони он сол ( 1042) дар Исфаҳон мондани худро нақл карда, сабаби назми китобро пурра баён менамояд Инчунин дар хотимаи маснави аз лутфу меҳрубониҳои Абулфатҳ ёдовари мекунад. Аз ин рӯ соли таълифи достони «Вис ва Ромин»–ро охири 1042 ва аввали 1043 шуморем, аз ҳақиқат дур нест.
Аз эҷодиёти шоир ғайр аз маснавии «Вис ва Ромин» чизи дигаре то давраи мо омада нарасидааст. Тахмин меравад, ки шоир пас аз солҳои 1063 вафот кардааст.