Қурбоналӣ Абдураҳимзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
Сатри 13:
'''Қурбоналӣ Бӯриев''' - номзади илми таърих, дотсент, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон дар пешбурди библиографияи тоҷик саҳми муносиб мегузорад.
==Зиндагинома==
Қурбоналӣ Бӯриев - [[20 ноябри]]и соли [[1964]] дар [[ноҳияи Рӯдакӣ]] (собиқ ноҳияи Ленин) таваллуд ёфта, баъди анҷоми мактаби миёна соли 1982 ба факултаи китобдории ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд, аммо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват мегардад ва баъди адои он (1983-1985) ба таври гузариш таҳсилро дар Донишкадаи маданияти Маскав идома дода, ин боргоҳи бонуфузи таълимиро соли 1988 ба поин меоварад. Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати омӯзгори кафедраи библиографишиносии ДДСТ ҳамон сол шурӯъ шуд, солҳои 1993-1997 унвонҷӯи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон буд, 1977-2001 ба ҳайси мудири шӯъбаи [[Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар|Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ]] ифои вазифа карда, 2001-2008 дар ташкилоти ѓайридавлатииғайридавлатии башардӯстонаи КАРЕ интернейшл хидмат намуд. Аз соли [[2009]] инҷониб директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Доманаи таҳқиқи номрафта фарох аст, перомуни пайдоиши иттилооти библиографӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ, фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон, сарчашмаҳои соҳаи китобдорӣ, таърихи китобу китобхонаҳо, библиографияи тоҷик дар давраи Сомониён ва ба баъд, ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи китобдорӣ ва тарбияи кадрҳо, таърихи сарчашмашиносии форсӣ-тоҷикии библиографӣ ва ѓайрағайра матолиб ба табъ расондааст. Вале таваҷҷӯҳи асосиро ба масоили библиографияи кишоварзии миллӣ маҳтуф доштааст.
 
==Фаъолияти илми==
Муҳаққиқ баробари библиографияи соҳаи кишоварзӣ инчунин таърихи соҳа ва сарчашмаҳои мавҷудаи онро мавриди омӯзиш қарор дода, матолиби фаровон дар ин маврид ба чоп расондааст. Рисолаи илмӣ- таҳқиқотиаш «Заминаҳои пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ» таҳти назари академик [[Нӯъмон Неъматов]] соли 2000 ба табъ расид. Муаллиф масоили пайдоиши аломатҳои тасвири библиографиро дар осори ниёгон таҳқиқ намуда, оид ба истифодаи иқтибос ва истинодҳо дар рисолаҳои кишоварзӣ, феҳристҳои китобхона, нишондиҳандаҳои алоҳида ва инъикоси адабиёти кишоварзӣ дар онҳо маълумоти зиёд гирдоварӣ намуда, хулоса баровардааст, ки библиографияи кишоварзӣ то пайдоиши назарияи он васеъ истифода шудааст. Рисолаи дигараш «Таърихи кишоварзии Тоҷикистон» (соли 2002) дар асоси маводи таърихии халқи тоҷик, дастхатҳои соҳавӣ ва асарҳои илмии олимони таърихшинос ва кишоварз офарида шуда, дар он таърихи соҳаи кишоварзӣ аз замони пайдоиш то кунун инъикос меёбад.
Дар рисолаи «Библиография дар аҳди Сомониён» (соли 1999) таърихи мухтасари мавҷудияти библиографияи он аҳд бо таҳлили сарчашмаҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, тиббӣ, шарҳиҳолӣ, библиографии мансуби замон бо далелҳои мушаххас баррасӣ гардидааст, оид ба қадамҳои аввалини табақабандии илм ва ҳамзамон шаклу намудҳои гуногуни мавҷудияти дастурҳои библиографии аҳди Сомониён хулоса ва пешниҳодҳои ҷолиб пешкаши хонанда гардидааст. Вай ба сифати китобшинос, таърихнигор ва фарҳангшинос низ корҳои шоён ба анҷом расондааст, перомуни ҳаёту фаъолияти як идда китобшиносони маъруфи ҷумҳурӣ очерку лавҳа ва мақолаҳо навиштааст, дар мавриди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо [[Русия]] ва [[Қазоқистон]] силсилаи мақолаҳо аз даст баровардааст. Қурбоналӣ Бӯриев мураттиби « Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон: Маҷмӯаи мақолаҳо», Душанбе, 2011. - 200 с. (дар ҳамкорӣ бо С. Шосаидов), Тақвими арбобони барҷастаи фарҳангу санъати [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (солҳои 2010; 2011-2012; 2013-2014) (дар ҳамкорӣ бо [[Ҷӯрабой Раҷабов]]), муҳаррири чандин дастурҳои таълимию китобҳои дарсӣ, феҳристи адабиёт мебошад. Ӯ иштирокдори бисёр семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва конфаронсҳои илмӣ мавриди роҳҳои рушди фарҳанги миллӣ, беҳтарсозии хизматрасонии иттилоотӣ ба ҷомеа, пешрафти илми китобдории тоҷик, роҳбурдҳои тоза дар мудирияти иноватсионии фаъолиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҳолати иҷтимоӣ-фарҳангии анъанаҳо ва ѓайрағайра буда, дар маҳфилу мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ перомуни китобдории миллӣ ва умуман пешбурди фарҳанг гузоришҳои пурмӯҳтаво ироа доштааст. Ба ҳайси сармуҳаррири маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг» дар тарѓибутарғибу ташвиқи маданияти тоҷик, мушкилоти пешорӯ ва роҳҳои ҳалли онҳо ва дигар масъалаҳои марбута саҳми муносиб мегузорад. Умуман, теъдоди таълифоташ аз ҳафтод мегузарад.<ref>[ftp://91.218.161.60/kitobho/Takvim_2014.pdf Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2014) - Душанбе: Бухоро, 2012.- 95 с.]</ref>
 
==Намунаи осор==