Сулаймон Юдаков: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
Сатри 12:
==Зиндагинома==
С. Юдаков соли 1916 дар шаҳри ҚӯқандҚӯқон таваллуд шудааст. Қобилияти мусиқии композитори оянда ҳанӯз дар овони кӯдакӣ, ҳангоме ки у тарбиятгирандаи хонаи кӯдакон буд, зоҳир мегардад. Сипас ӯ дар Москва, дар Рабфаки (факултети коргарии) мусиқии назди Консерваторияи ба номи П.И. Чайковский дар синфи Н.И. Платонов, бо тахассуси флейта таҳсил менамояд. Солҳои таҳсил ӯ нахустин опуси шогирдонаи худро «Афсонаи форсӣ» барои флейта бо фортепиано менависад.
Аз соли 1935 С.Юдаков – донишҷӯи синфи композитсияи М.Ф. Гнесини Омӯзишгоҳи мусиқии назди Консерваторияи Москва.
Аз соли 1938 Сулаймон Юдаков – донишҷӯи Консерваторияи Москва ба номи П.И. Чайковский, синфи композитор ва омӯзгор М.Р. Глиэр аст. Бинобар сабаби оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар курси сеюми таҳсил, яъне соли 1941 таҳсилоти касбии С.Юдаков хотима меёбад.
 
==Эҷодиёт==
Оғози фаъолияти эҷодии С.Юдаков ба давраи ташаккулёбии санъати мусиқии касбии миллӣ рост омад ва ӯ дар амалияи мусиқии Осиёи Миёна яке аз шахсони бонуфузи жанрҳои нав гардид. С.Юдаков аввалин шуда ба жанрҳои нав ба монанди романс, квартет, кантата муроҷиат намуда, бунёдгузори аввалин опера ва балети мазҳакавӣ мегардад. Истеъдоди композитор дар жанрҳои мусиқӣ-саҳнавӣ бараъло зоҳир мегардад. Операи мазҳакавии «Найрангҳои Майсара» (1959) ва балети «Найрангҳои Насриддин» (1977) дар таърихи санъати мусиқӣ-саҳнавӣ асарҳои муҳими марҳилавӣ гардиданд. Асарҳои номбурдаи муаллиф шаклҳои ягонаи чунин жанр дар театрҳои мусиқии мамолики Осиёи Миёна маҳсуб меёбанд. Аз нигоҳи хусусияти худ операи «Найрангҳои Майсара» халқӣ буда, ба падидаи асил табдил ёфт. Ин операро воқеъбинона «дастоварди таърихӣ» номидаанд. Балети «Найрангҳои Насриддин» дар радифи опера бори дигар аз қобилияти беинтиҳои мазҳакавии композитор, ки дорои санъати эҷодгарии мусиқии ҳаҷвӣ шарарбор аст, гувоҳӣ медиҳад.