Юсуф Исҳоқӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 12:
==Зиндагинома==
Исхоқӣ Ю.Б. [[21 июл]]и [[соли1932]] дар шаҳри [[Хуҷанд]], вилояти Ленинобод ([[вилояти Суғд]]) дар оилаи зиёиён таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 1947-1948, Исхоқӣ Ю.Б. дар курси тайёрии донишкадаи омўзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (факултаи таърих) таҳсил карда буд. Соли 1948 ҳамчун донишҷӯ ба [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино|Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино]] дохил шуд ва соли 1954 бомуваффақият онро хатм намуда, то мартабаи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино расид.
Ӯ дар солҳои 1954-1957 ҳамчун ординатори беморхонаи клиникӣ Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон кор кард. Соли 1958 рисолаи номзадиро, дар мавзӯъи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барон қать кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ» ҳимоя кард. Солҳои 1958-1960 ассистенти кафедраи оториноларингологияи Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон мебошад. Соли 1960 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Совети Вазирони СССР унвони дотсент дода шуд. Солҳои 1960-1964 сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявӣ №4, дотсенти кафедраи оториноларингологияи [[Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино]] буд.
Табиби ҳозиқ Ю.Б. Исҳоқӣ соли 1962 ба Арабистони Саудӣ, Миср, Лубнон ҳамчун пизишк (духтур) ба ҳоҷиён сарварӣ кардааст.
Барои давом додани кори илмии худ солҳои 1964-1968 докторант, ходими калони илмӣ дар шаҳри Маскав, дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гўшу гулӯ ва бинӣ фаъолият бурдааст. Ӯ соли 1968 дар мавзӯъи «Кистаи роҳҳои болои нафас» - рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Вакил ва маърӯзачӣ дар анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Ереван иштирок намуда, аъзои Садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт. Ӯ солҳои 1968-1969 вазифаи дотсенти кафедраи оториноларингология, солҳои 1969-1973 вазифаи ноибректори оид ба қисми таълимии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бомуваффақият иҷро намудааст. Барои натиҷаҳои корҳои илмиву тадрисӣ соли 1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ карда шуд ва бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонида шуд.
Ҳамчун олими варзидаи тиб соли 1977 дар Ҳиндустон ва Сейлон бо олимони ЛОРи СССР ба конфронси байналмиллалӣ ҳамчун вакил иштирок кард. Соли 1973 ӯ ректори [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино|Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино]] таъин шуд. Дар асоси конкурс ба вазифаи мудири кафедраи оториноларингологияи Донишкадаиин давлатии тиббии Тоҷикистондонишкада интихоб шуда, солҳои 1987-1996 ин вазифаро ба ӯҳда дошт.
 
==Фаъолити илмӣ ==
Дар фосилаи умри бобаракати хеш Ю.Б.Исҳоқӣ зиёда аз 300 асарҳои илмӣ, мақолаҳо, ихтироъҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки аз доираи васеъи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимии эшон паём мерасанд. Нахустин академики илми тибби тоҷик муаллифи бисъёр таълифоти илмӣ, аз он ҷумла 10 монография, 11 тавсияи методист. Асарҳои олими шинохтаи илми тиб «Ядовитые животные»-Душанбе, 1964; «Яд змеи гюрзы»-Душанбе, 1968; «Кисты верхних дыхательных путей»-Душанбе, 1973; «Аллергия в оториноларингологии»-Душанбе, 1980; «Детская оториноларингология»-Душанбе, 1977,1984, 2003; «Дыхательные пути и высокогорье»-Душанбе 1989; «Очерки истории медицины Таджикистана»-Душанбе, 1993; «Руководство по оториноларингологии»-Душанбе, 1994, 1997; «Лекции по иммунологии и аллергологии»- Душанбе; 1996, «Лекции по лор»-Душанбе, 1996; «История медицины Таджикистана»-Душанбе,1997 ва ғайраҳо дар илми тибби СССР, Тоҷикистон ва љаҳонӣ аҳамияти калони илмию амалӣ дошта, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад (якчанд асарҳояшон бо ҳаммуаллифи ҳам нашр гардидааст). Таҳти роҳбарии илми ӯ 13 нафар тадқиқотчиён, аспирантҳо рисолаи номзадӣ ва 2 нафар кормандани калони илмӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ю.Б.Исҳоқӣ дар тӯли қариб 40 сол ба донишxӯёни Донишкадаи (ва сонитар аз соли 1993 донишгоҳ) давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соҳаҳои мухталифи илми оториноларингология дарс додаст, машғулиятҳои лексионию амалӣ ва лабароторияви-амалӣ гузаронидааст.