Юсуф Исҳоқӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 41:
Солҳои 1973-1988 вакили халқӣ дар Шӯрои вакилони халқии шаҳри Душанбе, раиси комиссияи доимии тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ буд.
Аз соли 1974 узви Садорати Ҷамъияти алоқаи дӯстӣ ва мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ. Узви шӯрои ректорони мактабҳои олии тиббӣ дар назди Вазорати тандурустии СССР ва муҳаррири маҷаллаи «Тандурустии Тоҷикистон», узви Коллегия ва Президиуми Шӯрои илмии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ буд.
Олими машҳури соҳаи тиб соли 1975 ҳамчун роҳбари намояндагони ЛОР-и СССР ба Булғория сафар кардааст ва бо медали тиллои ҷамъияти дӯстии «БулгорияБулғория-СССР» мукофотонида шудааст.
Дар солҳои 1975-1986 Раиси шӯрои махсусгардонидашудаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар назди [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]] буд. Аз соли 1976 аъзои шӯрои илмӣ оид ба проблемаи «Оториноларинологияи» Академияи улуми СССР мебошад.
Аъзо ва роҳбари редколлегияи сексияи тиббии энсиклопедияи советии Тоҷикистон буда, мақолаҳои бисъёри илмиро таҳрир карда, ба чоп тавсия намудааст. Барои натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва хизматҳои шоён дар назди халқу Ватан бо ордени Ленин сарфароз шудааст.