Юсуф Исҳоқӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 48:
Солҳои 1981-1996 аъзои бюро ва раиси сексияи таълими тибби бахши тоҷикистонии ҷамъияти таърихи фалсафа, табиат ва техника. Узви комиссияи проблемавии «Аллергология ва иммунологияи клиникии» Академияи фанҳои тиббии СССР ҳам буд. Соли 1982 Раиси комитети ташкилии конфронси илмии оториноларингологони Тоҷикистон буда, онро ба дараҷаи баланди илмӣ гузаронид ва Раиси ҷамъияти илмии аллергологҳо ва иммунологҳои Тоҷикистон интихоб шуд.
Вакили Анҷумани VIII умумииттифоқии оториноларингологҳои СССР дар шаҳри Суздал буда, маърӯза карда буд, муҳарририи шӯъбаи «Аллергия ва оториноларингология»-и Энсиклопедияи калони тиббиро иҷро мекард. Солҳои 1987-1989 ҳамчун узви комитети ташкилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Қонун дар бораи забони давлатӣ» корҳои бисъёри ташвиқотиро бурд ва дар қабули қонуни мазкур саҳми арзанда гузошта буданд. Соли 1988 ҳамчун вакил дар Анҷумани умумииттифоқии оторинолорингологҳо дар шаҳри Кишинёв иштирок намуда бо маърӯзаи илмӣ баромад кард.
Дар ин солҳо вазифаи пурмасъулияти Раисираиси комиссияи доимии Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳои СССР бахшида ба проблемаи «Патологияи узвҳои болоии нафас»-ро иҷро мекард ва дар як вақт Раисираиси комиссияи доимии проблемавии «Патологияи узвҳои болоии нафас»-и Академияи фанҳои тиббии СССР буд.
 
==Мукофот==