Равшан Тӯрабеков: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Равшан Тӯрабеков
 
х таҳрир
Сатри 11:
'''Равшан Тӯрабеков''' - (тав. [[19 октябр]]и [[1936]], д. Оқсой н. Пастдарғами вил. [[Самарқанд]] - ваф.04.11.2004, ш. [[Душанбе]]), ҳунарпеша ва режисёр. Аълочии кинемат. СССР (1969). Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ([[1981]]). Узви Иттифоқи кинематографистони СССР ([[1974]]).
==Зиндагинома==
Институти театриву рассомии ба номи А.Н.Островскии [[Тошканд]] (1960), Курси олии дусолаи кинорежисёрии Комитети давлатии кинематографистони СССР ([[Москва]])-ро хатм кардааст (1967). Ҳунарпешаи [[Театри Давлатиидавлатии Академӣ-Драмавииакадемии драмавии ба номи АбулқосимА. Лоҳутӣ|ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ]] (1960-1963), ассис. режисёр ва режисёри киностудияи “Тоҷикфилм” (1963-72) ва аз с. 1972 режисёри “Тоҷиктелефилм”-и Студияи [[Телевизиони Тоҷикистон]].
==Эҷодиёт==
Дар саҳнаи театр ва кино нақши зиёде офаридааст. Филмҳои бадеии телевизионии “Ман – сарҳад” (1972), “Сайди охирин” (1975), “Об аз куҷо меояд?” (1978), “Кӯҳи уқобон” (1980)- ро таҳия намудааст. Бештар аз 30 филми ҳуҷҷатиро ба навор гирифтааст: “Мо аз деҳаи Қистакӯз» (дорандаи мукофоти Фест. умумиит. филмҳои тел. дар ш. Одесса, 1978), “Хонаи ман – оилаи ман” (дорандаи мукофоти аввали Фест. умумиит. филмҳои телевизиони дар ш. Кишинёв, 1979), “Ман забони русиро меомӯзам” (дорандаи мукофоти аввали Фест. умумиит. филмҳои телевизиони дар ш. Ереван, 1982), “Касби мардон” (дорандаи мукофоти аввали Фест. умумиит. филмҳои телевизиони дар ш. Кишинёв, 1986) ва ғ. То давраи мавҷудияти “Тоҷиктелефилм” (1994) филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла филмҳои “Иҷоранишини якрав”, “Ҳаёти Душанбе”, “Аз Сирдарё то Зарафшон”, “Ҷилои ҳунар”-ро офаридааст.<ref>Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013, с.122.</ref>