Синамои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х →‎Ибтидо: илова
Сатри 6:
Худи ҳамон солҳо баробари таҳияи шумораи зиёди филмҳои мустанади тарғиботӣ ҳар замон филмҳои бадеӣ низ эҷод мешуданд. Вале филмҳои он давра сиёҳу сафед ва беовоз буданд. Оре, он вақт технологияи филмбардорӣ хеле соддаву заиф буд. Дар радифи филмҳои аввалини бадеии беовози ҳамондавра метавон филмҳои «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (соли 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (соли 1932), «Худои зинда»-ро (соли 1935) номбар кард.
 
Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти [[Комил Ёрматов]] сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад.[[«Муҳоҷир» (филм) |Филми «Муҳоҷир»]] (соли 1934 , коргардон [[Комил Ёрматов]]), барҷастатарин филми бадеии беовози [[тоҷик]] маҳсуб мешавад.
Дар филми «Муҳоҷир» нақши асосиро, ки Комил ном дорад, худи [[Комил Ёрматов]] ва завҷаи қаҳрамон - нақши асосии занонаро - аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик [[София Тӯйбоева]] бозӣ кардаанд. Аз ин хотир таъсиси воқеии кинои касбии тоҷикро бояд аз он давра ва аз он омил ба ҳисоб гирифт, ки маҳз кинематографистони миллӣ – [[Комил Ёрматов]] (таҳиягар, филмноманавис, актер), [[София Тӯйбоева]] (актриса) [[Фирӯз Баҳор]] (таҳиягари филмҳои мустанад ва бастакор), Р. Қурбонов, Р. Пирмуҳаммадов, Д. Саидов (актерон), Қ.Олимӣ (асосгузори дубляжи тоҷик), М.Раҳимӣ (филмноманавис) ва дигарон рӯйи саҳнаи кино омаданд ва бо масъулияти том рӯзгори миллаташонро дар пардаи кино муаррифӣ карданд. Зимнан ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки саҳми бебаҳои кинематографистони рус ва халқҳои дигар дар таъсиси кинои тоҷик инкор шавад. Ин афрод дар тавлиди кинематографияи миллӣ саҳми бузург гузоштаанд. Аммо табиист, ки бунёдгари фарҳанги миллӣ ғолибан намояндагони худи ҳамон миллат шуда метавонистанд.
Маҳз ҳамин масъала боис шуд, ки баъди киностудия ва Тоҷикистонро тарк кардани коргардон К. Ёрматов (соли 1940) истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ гардид.
Тобистони соли 1941 ҷанг бо Германияи фашистӣ шурӯъ шуд. Бештари киностудияҳои шӯравиро аз Маскав ба Осиёи Марказӣ кӯчониданд. Маҳз дар ҳамон солҳо ҳамкории студияи «Союздетфилм» (ҳозира киностудияи ба номи Максим Горкий) ва «Тоҷикфилм» оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин давра кадрҳои маҳаллӣ аз ҳамкасбони ботаҷрибаи «Союздетфилм» сабақ меомӯхтанд ва малакаи худро дар филмбардорӣ сайқал медоданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзиҳо филмҳои ҷолиби ҳунарии «Писари Тоҷикистон» (соли 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (соли истеҳсолаш номаълум) ба вуҷуд омаданд. Дар ҳар ду филм бидуни ҳадафҳои ташвиқотӣ кўшиши тараннуми хислатҳои ҳамидаи миллӣ мушоҳида мешавад.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана.Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38 с.</ref>
 
== Эҳё ва рушд==
Аз нимаи дуюми солҳои 50, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Дар марҳилаи солҳои 50 – 70 таҳиягар [[Кимёгаров Бенсион Ариевич|Борис Кимёгаров]] яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. Ў дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онон буд. Хушбахтона, дар кинои тоҷик маҳз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзӯҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рӯдакии бузург - филми «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ - филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сӯҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); ба экран овардани классикаи муосири тоҷик - «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (солҳои 1977 -1978) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд. Сохтани филмҳои «Тоҷикистон» (соли 1945) бо ҳамкории Л. Степанова (соҳиби медали биринҷӣ ва Грамотаи Фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия, соли 1946), «Дар кӯҳҳои Помир» (соли 1946), «Водии миллионерҳо» (соли 1974), «Қувваи бузург» (соли 1948), «Дар Помир» (соли 1952), «Водии Вахш» (соли 1954), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, соли 1951; Мукофоти давлатии СССР, соли 1952), «Иди халқи тоҷик» (соли 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (соли 1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (соли 1960), «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (соли 1964), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Сарояндаи Ватан» (соли 1968), «Садриддин Айнӣ» (соли 1978), ки воқеан кинои тоҷикро соҳиби аввалин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардонда буданд (хусусан филмҳо дар бораи нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки ба шарофати онҳо ӯ барои наслҳои оянда зинда мондааст) ба соҳаи дигари фаъолияти кинои тоҷик – ба офаридани филмҳои мустанад бунёд гузошт ва он тадриҷан инкишоф ёфт. Бо ин ҳама Кимёгаров асолати ахлоқи ҳамидаи тоҷикон – меросбарони бойтарин фарҳанги маънавии мардуми эронинажодро баланд бардошт ва моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сарчашмаҳои маънавии гузаштаамон раҳнамун сохт.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38</ref>