Баҳористон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
 
::Чоми, он офтоби нурони,
::Шуд мунаввар юаба нури субхони.
 
Абдураҳмони Ҷомӣ дар осмоги пахновари илму адаюиадаби форсу точик аз ситорахои дурахшонтарин буда, юобо андешахои оли, неруи халлоконаи Сухан, дониши доманадор дар фархангу адабиёт дар силсилаи суханварони бузург ва донишмандони сутург- Рудаки, Фирдавси, Беруни, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, саъдии Шерози ва дигарон ба чунон макоми арчманде сазовор аст, ки уро дар Шарку Гарб баъзехо хотиматушшуаро, чамъе дар назм баъди Фирдавсию Анварию Саъди пайгамбари чахорум ва гурухе чамъбасткунандаи тамоми муваффакиятхои даврони классики адабиёти форсу точик (асрхои IX XV) медонанд ва Эчодиети уро бар хак тирамохи заррини пурхосили ин адабиёти гаронкадри оламшумул мешуморанд. Ба хамин мучиб таърихи адабиёт, афкори ичтимоию сиёси, фалсафаю ахлок, тасаввуфу ирфон ва умуман симои маънави халки моро бидуни шахсият ва эчодиёти ин чехраи бузурги эчоди намешаввад тасаввур кард. Махбубият ва каробати Чоми бо мардуми мо ба дарачаест, ки гуфтори уро одамони сину соли гуногун, акоиду мафкурахои мухталиф ва вазъияту кайфияти мутакобил, сарфи назар аз шуглу пеша ва омолу андешахои хеш, чун далелу бурхон барои қабулу рад, тақвияту таъзир ва панду андарзи мусоҳиб ба сифати ҳикмати рузгорон ба кор мебаранд.
 
Ганчинаи тамаддуни чаҳони асарҳое дорад, ки чун дурдонахои тобнок вориди он гардида, бо гузашти замонҳо бештар чило медиҳанд. «Калила ва Димна», «Хазору як шаб», «Шохнома», «Гулистон», «хамса» ва амсоли инҳо аз он шумоарнд. Албатта «Баҳористон» низ ба ин гуруҳ джохил мешавад, зеро орн дар тули панчсад соли мавчудияти худ аз нусхс ба нусха, аз сина ба сина ва аз забон ба забон гузашта, ба тароват ва афкори хакимонаи худ ба инсоният Сафо мебахшад ва мардумонро дар ёфти савқи солим, одамгари, ахлоқи хамида, бародари ва хизмат ба халқ менамояд. Онро Чоми баҳори соли 892 ҳичри, ки ба соли 1487 баробар аст, дар пайравии «Гулистон»-и Саъди Шерози чун мутобиқи дарси барои писари худ Зиёуддин Юсуф, ки он вақт даҳ сола буд, таълиф намудааст. Вале масъалаҳои ахлокиро Чоми на бо шеваи илми, балки бо сабки бадеъи баён мекунадюмекунад «Баҳористон» аз мукаддима, хотима ва ҳашт боб иборат аст.
«Бахористон», ки дар 73 солагии Чоми зеби ракам гардидааст, як навъ асари чамъбаткунандаи гояву ақоиди чамъиятшиносии мутафаккири забардаст буда, андешаву афкори адиб дар он ба ьавти соддаву равшан ифода ёфта, онҳоро дар сурати хулосаҳои фикр дастраси оммоҳои васеъ сохтааст. Муаллиф ҳангоми таълиф пеш аз ҳама дар шахсияти писараш мақсади тарбияи насли наврас ва дар чавонон парваридани ахлоқи некро дар мадди назар дошта, ба тарзи хосе ҳам аз орифон, ҳам аз дурдонаҳои андешаю афкор ва ҳикмати донишмандони бузург, ҳам аз нақли амали хайри ҳокимону мансабдорон, ҳам аз ривояти хайру саховати муболигомези афроди таърихи ҳиммату некукории шахсони афсонави, ҳам аз тасвири изтиробу гудози ишқ фикри худро баён кардааст.